Бадеуддин Абдулғафури Лорӣ (форсӣ: عبدالغفور لاری[1]; мулаққаб ба Разиуддин; ? — 1506, Ҳирот) — донишманд, ориф, фақеҳ ва шоири форс-тоҷик.

Абдулғафури Лорӣ
форсӣ: عبدالغفور لاری
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: нависанда
Таърихи таваллуд: асри XV
Таърихи даргузашт: 1506(1506)
Маҳалли даргузашт: Ҳирот
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Дар сарчашмаҳои таърихию динӣ ва адабӣ чун шахси таҳсилдида, огоҳ аз улуми мутадовилаи замонаш тавсиф шудааст. Рутбаи Мавлоно гирифтани Абдулғафури Лорӣ гувоҳи он аст, ки ӯ ба дараҷаи баланди илму фазли замони худ — ба устодӣ расида будааст. Писари Ҳусайн Воизи Кошифӣ адиби маъруф Фахруддин Алии Сафӣ яке аз шогирдони ӯст. Дар таърихи илму адаб чун нависандаи шарҳу ҳошияҳо машҳур аст. Абдулғафури Лорӣ аз машҳуртарин шогирдони Абдурраҳмони Ҷомӣ буд.

Бо дархости фарзанди Ҷомӣ — Зиёуддин Юсуф бар «Нафаҳоту-л-унс» ва «Фавоиди Зиёия»-и Ҷомӣ шарҳу ҳошия баста, мушкилоти онҳоро тавзеҳ додааст. Ин асар ба ғайр аз ҳавошӣ боз шарҳи ҳол ва тавсифи осори Ҷомиро дар бар гирифта, чун намунаи асари ёддоштӣ эътироф гардидааст. Забону услуби он содаву равон аст.

  1. عبدالغفور لاری - ویکی فقه. fa.wikifeqh.ir. 24 апрели 2024 санҷида шуд.

Адабиёт

вироиш