Абдулқаҳҳори Самарқандӣ

Абдулқаҳҳо́р ибни Исҳоқи Самарқандӣ (? — 1493) — арӯздон ва шоири форс-тоҷик.

Абдулқаҳҳори Самарқандӣ
Тахаллусҳо: Шариф
Таърихи даргузашт: 1493(1493)
Навъи фаъолият: арӯздон, шоир

Зиндагинома

вироиш

Абдулқаҳҳори Самарқандӣ аз мардони фозили асраш буда, доир ба илми қофия ва арӯз рисолаи «Арӯзи Ҳумоюн»-ро таълиф кардааст. Ҳарчанд ин рисола дар тақлиди «ал-Муъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ ва «Меъёру-л-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ таълиф шудааст, мисолҳои овардаи ӯ аз ашъори шоирони садаи XV қимати таълимию маърифатии асарро зиёд намудаанд. Абдулқаҳҳори Самарқандӣ бо тахаллуси «Шариф» низ шеър гуфтааст ва дар рисолаи хеш дар мавриди вазнҳои алоҳидаи арӯз ва ашъораш мисолҳо овардааст.

Адабиёт

вироиш