Абдулҳаким Ғафуров
Абдуҳаким Каримович Ғафуров — доктори илмҳои биология (1991), профессор. Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1997).[1]
Абдуҳаким Каримович Ғафуров | |
Таърихи таваллуд | 2 август 1942 |
Зодгоҳ | Самарқанд ҶШС Узбекистон |
Таърихи даргузашт | 6 июл 2002 (59 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе |
Фазои илмӣ | биология |
Ҷойҳои кор | Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои биология |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин |
Ҷоизаҳо | Узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишАбдуҳаким Каримович Ғафуров 2 августи соли 1942 дар гузари Қӯшҳавзи шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Коргари заводи рехтагарии шаҳри Самарқанд, шогирди устои қолабсоз (1958-1959) буд. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1964)., ихтисос – «зоология».
Фаъолияти илмӣ
вироишСамтҳои асосии фаъолияти илмӣ: паразитология, гелминтологияи ҳайвоноти бесутунмуҳра, энтомология. Аспиранти назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи Академияи илмҳои Тоҷикистон (1964-1967). Се сол дар Лаборораторияи гелминтологияи АИ ИҶШС таҳсил кардааст (1964-1967). Пас аз хатми аспирантура кор мекард, худи илмии Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи АИ ҶТ (1967-1968). С. 1968 дар Институти умумиит. гелминтологияи ба номи К. И. Скрябин (ФР) дар мавзӯи «Гамбускҳои сиёҳтана-соҳибони андармиёни гелминтҳои ҳайвоноти муҳрадори Тоҷикистон» рисолаи номзади дифоъ кардааст. Корманди калони илмӣ (1969-1986), муд. шуъбаи паразитологияи Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е. Н. Павловскийи АИ ҶТ (1986-1992). Рисолаи докториро низ дар Москва дар Институти умумиит. гелминтологияи ба номи К. И. Скрябин дар мавзӯи «Таснифот, филогенияи мермитид ва асосҳои биологии истифодаи амалии онҳо» ҳимоя кардааст (1991). Доир ба мермитидҳо-нематодҳои паразити ҳайвоноти муҳрадор маводи фаровони илмӣ гирд овард, ки ба мавзӯи рисолаи номз. тамоман дахл надошт, лекин бинобар ғайрату суботкории беандозааш дар як муддати кӯтоҳ мутах. пешбари ин соҳа гардид. Дере нагузашта барои муайян кардани маводи илмӣ ва барои маслиҳат бисёр олимони собиқ ҷумриҳои Назди Балтика, Украина, Русия, Арманистон ва Осиёи Миёна ба ӯ муроҷиат мекарданд. Дар асоси таҳқиқи морфологии заҳрдоршавии маводи фаровони илмии минтақаҳои гуногуни СССР; Карелия, Украина, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 44 намуди нав дар илми биология, аз ҷумла 3 насли нав ва 2 ҷинсу 3 зероилаи нави мермитидҳоро тавсиф ва асоснок кардааст. Ғайр аз ин системаи тамоман нави оилаи мермитидҳоро тартиб додааст. Бори нахуст типологияи сиклҳои ҳаётан муҳимро тартиб дода, масъалаҳои муносибати паразит ва соҳиб, пайдоиш ва таҳаввулоти меримитидҳоро таҷдиди назар кардааст. Муаллифи асари «Мермитидҳо» (Д., 1997) ва зиёда аз 90 мақолаи илмӣ, аз ҷумла 2 монография. Таҳти роҳбарии ӯ 3 унвонҷӯ рисолаи номзади ҳимоя намудаанд. Бо медали ҷашнии Совети Вазирони ИҶШС бахшида ба ёдбуди 100-солагии рӯзи таваллуд акадкмик К. И. Скрябин ва медали ҷашнӣ ба муносибати 100-солагии зодрӯзи академик Е. Н. Павловский, ки Совети Вазирони ИҶШС таъсис карда буд, мукофотонида шудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишРисолаи докториро низ дар Москва дар Институти умумиит. гелминтологияи ба номи К. И. Скрябин дар мавзӯи “Таснифот, филогенияи мермитид ва асосҳои биологии истифодаи амалии онҳо” ҳимоя кардааст (1991). Доир ба мермитидҳо-нематодҳои паразити ҳайвоноти муҳрадормаводи фаровони илмӣ гирд овард, ки ба мавзӯи рисолаи номзадӣ тамоман дахл надошт лекин бинобар ғайрату суботкории беандозааш дар як муддати кӯтоҳ мутахассиси пешбари ин соҳа гардид. Дере нагузашта барои муайян кардани маводи илмӣ ва маслиҳат бисёр олимони собиқ ҷумҳуриҳои Назди Балтика, Украина, Русия, Арманистон ва Осиёи Миёна ба ӯ муроҷиат мекарданд. Дар асоси таҳқиқи морфологии заҳрдоршавии маводи фаровони илмии минтақаҳои гуногуни СССР; Карелия, Украина Қазокистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон 44 намуди дар илми биология нав, аз ҷумла 3 насли нав ва 2 ҷинсу 3 зероилаи нави мермитидҳо тавсиф ва асоснок кардааст. Ғайр аз ин системаи тамоман нави оилаи мермитидҳоро тартиб додааст. Бори нахуст типологияи сиклҳои ҳаётан муҳимро тартиб дода, масъалаҳои муносибати паразит ва соҳиб, пайдоиш ва таҳаввулоти меримитидҳоро таҷдиди назар кардааст. Муаллифи 90 асару мақолаи илмӣ, аз ҷумла 2 монография буда, таҳти роҳбарии ӯ 3 унвонҷӯ рисолаи номзади ҳимоя намудааст.
Ҷоизаҳо
вироишБо медали ҷашнии Совети Вазирони СССР бахшида ба ёдбуди 100-солагии рӯзи тав. академик К.И. Скрябин ва медали ҷашнии Совети Вазирони СССР бахшида ба муносибати 100-солагии зодрӯзи академик Е. Н. Павловский мукофотонида шудааст. шудааст.[2]