Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (Фарҳангистони миллии улуми Тоҷикистон) — муассисаи олии илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе воқеъ аст.
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон | |
---|---|
![]() | |
| |
Номи аслӣ | Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон |
Номи байналмилалӣ | англ. Academy of Sciences of the Republic of Tajikistan |
Номҳои пешина | Пойгоҳи илмӣ-таҳқиқотии Тоҷикистонии АИ СССР (1932—1941) → Филиали Тоҷикистонии АИ ИҶШС (1941—1951) → Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон (1951—1991) → Академияи илмҳои Тоҷикистон(1991—2020) |
Соли таъсис | 1951 |
Президент | Фарҳод Раҳимӣ (аз 2013) |
Академикҳо | 37 |
Аъзои вобаста | 62 |
Макон |
![]() |
Нишонии ҳуқуқӣ | 734025, хиёбони Рӯдакӣ, 33 |
Сайт | anrt.tj |
![]() |
ТаърихВироиш
Дар асоси Филиали Тоҷикистонии Академияи илмҳои ИҶШС соли 1951 ҳамчун Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Аввалин аъзоёни комилҳуқуқи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон — Садриддин Айнӣ, Мирзо Турсунзода, Иван Николаевич Антипов-Каратаев, Бобоҷон Ғафуров, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов, Плешко Семён Иванович, Александр Александрович Семёнов, Смольский Николай Владиславович, Юсупова Сороҷон Михайловна, Ҳикмат Абдуллоевич Юлдошев, Александр Юрьевич Якубовский шуданд.[1]
Академия дар солҳои 1951—1990Вироиш
Бо Қарори Шӯрои Вазирони Иттиҳодди Шӯравӣ аз 9 октябри соли 1950 дар асоси Қарори Раёсати Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон ва Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз 14 апрели соли 1951 Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуд. Президенти аввалини Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, олим, нависанда ва адабиётшиноси тоҷик Садриддин Айнӣ таъйин гардид. Ба ҳайати Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон муассисаҳои илмии зерин дохил карда шуданд: Институти геология, Институти химия, Институти сейсмология, Институти ботаника, Институти зоология ва паразитология, Институти хокшиносӣ, мелиоратсия ва ирригатсия, Институти зотпарварӣ, Институти таърих бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, Институти забон ва адабиёт, Расадхонаи астрономӣ, Шуъбаи пахтапарварӣ, Шуъбаи фалсафа ва Шуъбаи иқтисодиёт. Тайи солҳои минбаъда воҳидҳои нави илмии зерин дар АИ ҶШС Тоҷикистон таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, Институти астрофизика, Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттӣ, Пойгоҳи дар Помир будаи Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи истилоҳоти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умаров, Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳо, Институти иқтисодиёт, Институти гастроэнтерология, Шуъбаи ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳи табиӣ, Институти шарқшиносӣ, Институти математика бо Маркази ҳисоббарорӣ.[2]
Академия дар солҳои 1991—2011Вироиш
Тайи ин солҳо воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти фалсафа ва ҳуқуқ, Инстиути илмҳои гуманитарӣ, Маркази илмии Хуҷанд, Филиали дар Помир будаи Академияи илмҳои ҶТ, Шуъбаи маводшиносӣ, Шуъбаи масъалаҳои иҷтимоии инсон.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (1991) қатъи назар аз душвориҳои ҷиддии дар Тоҷикистон пайдошуда, бо кӯшиши ҳукумат ва олимон муяссар гардид, ки нерӯи илмӣ ва Академияи илмҳо- маркази асосии илми мамлакат ҳифз ва тараққӣ дода шавад. Рушди илм ва маориф дар Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятдошта эътироф гардид. Дар ин давра Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника» қабул карда шуд.
Дар ин давра воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология, Институти демография, Институти давлат ва ҳуқуқи ба номи А.Баҳоваддинов, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Маркази илмии Хатлон.
Моҳи майи соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.
Ҳамчунин воҳидҳои нави илмии зерин таъсис дода шуданд: Маркази синошиносии назди Институти фалсафаи ба номи А.Баҳоваддинови АИ ҶТ, Маркази таҳқиқ ва татбиқи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи назди Институти физикаю техникаи ба номи С. У. Умарови АИ ҶТ, Маркази инноватсионӣ оид ба биология ва тиб, Маркази инноватсионии рушди илм ва технологияҳои нав.
Дар соли 2011 дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 2000 кормандон кор мекарданд, ки аз онҳо 35 нафар аъзои пайваста (академикҳо) ва 43 нафар аъзои вобаста, 190 нафар доктори илм ва 360 нафар номзади илм мебошанд. Дар ҳайати Академияи илмҳо 18 аъзои хориҷӣ ҳастанд.
Ҳоло Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 институти илмиву тадқиқотӣ, филиал дар Помир, ки 2 институтро дар бар мегирад, Маркази илмии Хуҷанд, Маркази илмии Хатлон, Маркази байналмилалии илмию таҳқиқотии «Помир-Чакалтой» ва як қатор муассисаҳои дигари илмиро, ки дар соҳаҳои илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ ва ҷамъиятшиносӣ таҳқиқот мебаранд, муттаҳид менамояд.
Муассисаҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 3 шуъба муттаҳид шудаанд:
- Шуъбаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ Абдусаттор Cаидов);[3]
- Шуъбаи илмҳои биология ва тибби Академияи илмҳои Тоҷикистон (ноиби президент — раиси шуъба академики АМИТ Ҳикмат Муминов) [2]
- Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ (ноиби президент — раиси шуъба, доктори илмҳои сиёсӣ Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз).[2]
Ҷоизаҳои АкадемияВироиш
Барои дарёфти «Ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста дар соҳаи илму техника» Академияи илмҳои Тоҷикистон доимо дар байни олимон озмун мегузаронад.
Академияи илмҳои ҶТ барои дарёфти чунин ҷоизаҳои ба номи олимони барҷастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон озмун эълон мекунад:
- академик С. У. Умаров — дар соҳаи илмҳои физикаву математика, химия, геология ва техникӣ;
- академик Е. Н. Павловский — дар соҳаи илмҳои биологӣ, тиббӣ ва кишоварзӣ;
- академик М. С. Осимӣ — дар соҳаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ ва гуманитарӣ.
озмуни шаффоф барои олимони кишвар эълон мекунад. Ҷоизаҳо ба олимони мамлакат барои корҳои ҷудогонаи илмӣ, ихтироот, инчунин барои силсилаи корҳои илмӣ дар як мавзӯъ дода мешавад.
Президентҳои АИ Тоҷикистон (раисони Фарҳангистони улуми Тоҷикистон)Вироиш
- (1951—1954) — Садриддин Айнӣ
- (1957—1964) — Султон Умарович Умаров
- (1965—1988) — Муҳаммад Сайфитдинович Осимов (Осимӣ)
- (1988—1995) — Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев
- (16.06.1995 — 3.02.2005) — Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов
- (аз соли 2005) — Мамадшо Илолович Илолов
- (аз соли 2013) — Фарҳод Раҳимов
Раёсати Академияи илмҳоВироиш
- Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — Фарҳод Раҳимов, доктори илмҳои физика ва математика, профессор, Академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ноибони президенти АМИ Тоҷикистон:
- Абдусаттор Самадович Cаидов, раиси Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АИ ҶТ, узви вобастаи АМИ ҶТ, доктори илмҳои биологӣ;
- Ҳикмат Ҳалимович Муминов, раиси Шуъбаи илмҳои физикаю математика, химия, геология ва техникаи АМИ ҶТ, академики АМИ ҶТ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор;
- Муҳаммад Абдураҳмон Наврӯз, раиси Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор.
Олимони барҷастаи академияВироиш
Соҳаи астономияВироиш
- Пӯлод Бобоҷонов — астрономия
Соҳаи биология, генетика ва зоологияВироиш
- Зувайдулло Иззатуллоев — биология
- Оғоназар Ақназаров — биология
- Муҳаммад Нарзиқулов — зоология
- Евгений Никанорович Павловский — зоология
- Юсуф Носиров — генетика
- Ғулом Алиев — генетика
- Пӯлод Усмонов — генетика
- Ислом Абдусаломов — зоология
Соҳаи математикаВироиш
- Абдулҳамид Ҷӯраев — математика
- Камолиддин Бойматов — математика
- Зафар Усмонов — математика
- Леонид Григоревич Михайлов — математика
- Илолов Мамадшо — математика
Соҳаи физикаВироиш
- Акобир Адҳамов — физика
- Фарҳод Раҳимов — физика
- Собит Ҳабибуллоевич Неъматуллоев — физика, сейсмологияи муҳандисӣ
- Султон Умарович Умаров — физика
- Исроил Исмоилов — физика
- Фотеҳ Ҳакимов — физика
- Ҳикмат Мӯминов — физика
Соҳаи кимиёВироиш
- Норинисо Юсупова — кимиё
- Ӯлмас Мирсаидович Мирсаидов — кимиё
- Ҳаким Ахмедов — кимиё
- Эшонхон Нӯъмонов — кимиё
- Изатулло Ғаниев — кимиё
- Ҷӯрабой Холиқов — кимиё
Соҳаи фалсафаВироиш
- Алоуддин Баҳоуддинов — фалсафа
- Муҳаммад Осимӣ — фалсафа
- Мусо Диноршоев — фалсафа
- Акбари Турсонзод — фалсафа
Соҳаи таърих, шарқшиносӣВироиш
- Аҳрор Мухторов — таърих
- Баҳодур Искандарович Искандаров — таърих
- Бобоҷон Ғафуров — таърих, шарқшиносӣ
- Борис Анатолевич Литвинский — таърих, шарқшиносӣ
- Зариф Раҷабов — таърих
- Нӯъмон Неъматов — таърих
- Раҳим Масов — таърих
Соҳаи филология, шарқшиносӣВироиш
- Абдулғанӣ Мирзоев — филология
- Айнӣ Камол — филология, шарқшиносӣ
- Раззоқ Ғаффоров — филология
- Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов — филология
- Носирҷон Маъсумӣ — филология
- Мирзо Турсунзода — филология
- Раҷаб Амонов — филология
- Муҳаммадюсуф Имомов — филология
- Муҳаммадҷон Шакурӣ — филология
Соҳаи тибВироиш
- Неъматулло Усмонов — тиб
- Ҳамид Мансуров — тиб
- Комил Тоҷиев — тиб
- Исҳоқӣ Юсуф Баширхонович — тиб
- Карим Ҳайдаров — тиб
Соҳаи геология ва минералогияВироиш
- Рауф Баротов — геология
- Сороҷон Юсуфова — геология ва минералогия
- Манзур Ҷалилов — геология ва минералогия
Соҳаи иқтисодиётВироиш
- Ҳабибулло Саидмуродов — иқтисодиёт
- Талбак Назаров — иқтисодиёт
- Рашид Раҳимов — иқтисодиёт
Соҳаи илмҳои техникӣВироиш
- Раҳим Марупов — илмҳои техникӣ
Соҳаи ҳуқуқшиносӣВироиш
- Солеҳ Раҷабов — ҳуқуқшиносӣ
- Фозил Тоҳиров — ҳуқуқшиносӣ
Нигаред низВироиш
ЭзоҳВироиш
- ↑ Первая сессия Академии Наук Таджикской ССР. // Вестник АН СССР, 1951, № 6, стр. 41—42
- ↑ 2.0 2.1 2.2 нусхаи бойгонӣ. 14 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 21 январи 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 9 феврали 2021.
- ↑ ПРЕЗИДЕНТОНИ АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. 14 июли 2014 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 марти 2016.
ПайвандҳоВироиш
- ant.tj — вебгоҳи расмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
- H. Borjian, TAJIKISTAN ACADEMY OF SCIENCES, Encyclopedia Iranica, http://www.iranicaonline.org/articles/tajikistan-academy-of-sciences
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Викианбор |