Абдулҳамиди Муҳманд

Абдулҳами́ди Муҳманд (форсӣ: حميد مومند‎; 16601732) — шоири афғон (паштузабон). Тахаллусаш Мӯшикоф.

Абдулҳамиди Муҳманд
пашту: حميد مومند
Таърихи таваллуд: 1660
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1732
Маҳалли даргузашт:
Навъи фаъолият: нависанда
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар анвои шеъри классикии форс-тоҷик — ғазал, рубоӣ, маснавӣ ва шакли шеърии мухаммас асар эҷод кардааст. Ақоиду андешаҳои ахлоқӣ ва тасаввуфиаш дар маҷмӯаи ашъораш — «Дурру Марҷон» ифода ёфтаанд. Азбаски дар шеър пайрави Мирзо Абдулқодири Бедил буд, бо номи «Бедили афғон» шуҳрат дорад. Асарҳои шоири форсизабони Ҳинду Покистон Ғанимат — «Қиссаи Шоҳ ва Гадо», «Найранги ишқ»-ро ба забони пашту тарҷума кардааст.

Адабиёт

вироиш