Абдулҳамид Ҳоҷиев
Абдулҳамид Ҳоҷиев (тав. 30.06.1940, деҳаи Қалъачаи Бакавули ноҳияи Истаравшан), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1969), дотсент (1991).
Абдулҳамид Ҳоҷиев | |
Таърихи таваллуд | 30 июн 1940 (84 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко |
Зиндагинома
вироишСоли 1962 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Солҳои 1963–1966 аспиранти донишкадаи мазкур, 1963–1964 афсари Артиши Шӯравӣ, 1968–1985 муаллим ва муаллими калони кафедраи математикаи олии Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон буд. Аз соли 1985 то ба имрӯз дотсенти кафедраи методикаи таълими ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Оид ба истифодаи воситаҳои содатарини техникӣ дар мактабҳои Тоҷикистон кори илмӣ бурда, муаллифи зиёда аз 20 мақолҳои илмию методӣ, илмию оммавӣ ва дастурҳои таълимиву методӣ аст.
Осор
вироиш- Дастури методӣ оид ба ҳалли супориш ва машқҳо, Д., 1979;
- Нишондодҳои методӣ оид ба ҳалли супориш ва машқҳо аз математикаи олӣ, Д., 1980;
- Ададҳои бутуни ғайриманфӣ аз нуқтаи назари аксиоматика, Д., 2001.
Пайвандҳо
вироишИн мақолаи хурд дар бораи донишманд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. |