Абдулҳафиз Қодирӣ — актёр ва коргардони тоҷик, Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон (1990).

Абдулҳафиз Қодирӣ
Абдулҳафиз Қодирӣ
Зодгоҳ: ноҳияи Шаҳринав ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ:  Тоҷикистон
Касб: ҳунарпеша

Зиндагинома вироиш

Абдулҳафиз Қодирӣ 13 феврали соли 1948 дар деҳаи Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Шуъбаи актёрии Донишкадаи давлатии санъати театрии ш. Москва (ГИТИС)-ро соли 1971 ва шуъбаи режиссёрии ҳамин донишкадаро соли 1980 хатм кардааст. Ҳунарманди Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов (солҳои 1971-1976), сарежиссёр ва роҳбари бадеи (солҳои 1981-1995), директори Театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов аз соли 1995.

Эҷодиёт вироиш

Дар тӯли 30 соли фаъолияти эҷодӣ Қодирӣ зиёда аз 40 асари гуногунмазмуни драматургони хориҷӣ ва муаллифони тоҷикро рӯи саҳна овардааст, ки «Якпула савдо, садпула ғавғо»-и У. Шекспир, «Ҷонфидо»-и М.Каримов, «Ҳамин тавр ҳам мешавад”-и А. Папаян, «Торҳои муҳаббат”-и Қутбӣ Киром, «Саргузашти Ҳотами Той»-и Ҷумъа Қуддус, «Таронаҳои муҳаббат»-и Н. Мирошниченко, «Умед», «Ҳукм»,» Фиғон аз қарнҳо», «Сархӯрони ғарбелбадаст» (ҳама аз Ш. Солеҳ). «Умри ҷовид». «Хуршедсавор” (аз А. Сайфуллоев), «Марги ду тан»-и И. Насриддин. «Нахоҳам иллати миллат»-и М. Холов аз ҷумлаи онҳоянд. Абдулҳафиз Кодиров худ низ ба драмнависӣ машғул аст. Ба қалами ӯ асарҳои «Падари миллат», «Олами вуҳуш», «Изтироб» ва ғайра тааллуқ доранд, ки дар театрҳои Тоҷикистон ба саҳна гузошта шудаанд.

Ҷоиза вироиш

Бо ордени «Нишони фахрӣ» ва медалҳо мукофотонида шудааст. Арбоби шоистаи санъати Тоҷикистон аст.[1]

Эзоҳ вироиш