Абдулҳусайни Зарринкӯб
Абдулҳусайни Зарринкӯб (форсӣ: عبدالحسین زرینکوب خوانساری; 19 марти 1923, Бурӯҷирд — 15 сентябри 1999, Теҳрон) — адабиётшинос ва намояндаи барҷастаи илми Эрон, муаллифи асарҳои сершумор оид ба таърихи ислом, таърихи динҳо, таърихи худошиносӣ ва фалсафаи мадрасӣ, таърихи тасаввуф, профессори Донишгоҳи Теҳрон ва мудири кафедраи филологияи эронӣ дар Донишгоҳи Теҳрон.
Таърихи таваллуд | 19 май 1923 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 15 сентябр 1999 (76 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Кишвар | |
Фазои илмӣ | эроншиносӣ |
Ҷойҳои кор | |
Дараҷаи илмӣ: | доктори фалсафа[d] |
Алма-матер | |
Имзо | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироиш19 марти соли 1923 дар шаҳри Боружерд дар оилаи муҳоҷирони аз шаҳри Хонсор таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби ибтидоӣ дар зодгоҳаш, барои таҳсили ба Теҳрон рафт. Пас аз як сол Зарринкӯб дар имтиҳонҳои дохилшавӣ ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Теҳрон ҷои аввалро гирифт. Аммо, аз сабаби он, ки вазъияти нооромии сисёсии Теҳрон дар робита бо Ишғолкориҳои Русияву Бритониё дар Эрон, маҷбур шуд, ки ба ватани худ — Луристон баргардад. Алиакбари Деҳхудо декани он замони факултаи ҳуқуқ, аз рафтани чунин як донишҷӯи боистеъдод изҳори таассуф кард. Пас аз бозгашт ба Бурҷерӯд, Зарринкуб дар мактаби миёна ба таълими таърих, ҷуғрофия, адабиёти форсӣ, забонҳои хориҷӣ, математика, физика, фалсафа ва худошиносӣ шурӯъ кард. Дар ҳамон ҷо, соли 1944 китоби якуми худро бо номи «Фалсафа ва шеър ё таърихи пайдоиши шеъру санъати шоирии дар Эрон» ба табъ расонд.
Соли 1945 Зарринкуб ба факултаи адабиётшиносии Донишгоҳи Теҳрон дохил шуда, пас аз се сол инфакултетро бо дипломи аъло хатм кард ва пас аз як сол ба аспирантураи донишгоҳ дохил шуд. Таҳти роҳбарии Бадеуззамон Фурузонфар дар соли 1956 Зарринкуб рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Нақди шеър» ҳимоя кард. Фурузонфар Зарринкӯбро ба ҳайси ёвари факултаи фалсафӣ ва худошиносии Донишгоҳи Теҳрон даъват кард ва дар он ҷо ба лексияҳо оид ба таърихи ислом, худошиносӣ, таърихи тасаввуф ва таърихи илмҳо шурӯъ карда, унвони профессорро дар соли 1960 ба даст овард.
Ҳанӯз дар замони таҳсил дар бахши аспирантӣ Зарринкӯб ба як гурӯҳ олимони ҷавон ва боистеъдоди эронӣ, аз қабили Аббос Иқболи Оштиёнӣ, Сайид Нафисӣ, Муҳаммад Муъин, Парвиз Нотили Хонларӣ ва дигарон, ки нашрияи ҳолландиии «Brill» дар соли 1951 барои иштирок дар лоиҳа оид ба тарҷумаи мақолаҳо барои китоби бисёрҷилдаи «Донишномаи ислом», даъват карда буд, шинос шуд.
Солҳои 1962—1970 Зарринкӯб ба ҳайси мушовири илмӣ дар донишгоҳҳои Оксфорд, Сорбонна, Принстон ва Калифорния ва инчунин дар як қатор донишгоҳҳои Ҳинду Покистон кор кардааст.
Абдулҳусайни Зарринкӯб 15-уми сентябри соли 1999 дар Теҳрон вафот кард.
Фаъолияти илмӣ
вироишЗарринкӯб олими сатҳи ҷаҳонӣ буда, дорои мероси гаронбаҳои илмӣ дар таърихи ислом, таърихи динҳо, маърифати Худо ва фалсафаи мадрасӣ, таърихи тасаввуф, таърихи илм, нақди адабӣ ва адабиёти муқоисавӣ мебошад. Вай даҳҳо китоб ва садҳо мақола ба забонҳои форсӣ, фаронсавӣ ва англисӣ навиштааст. Машҳуртарин асари ӯ «Ду қарни сукут» мебошад. Як қатор асарҳои ӯ ба забони русӣ тарҷума шудаанд, аз ҷумла китобҳои «Кашфиёти бузург ва дастовардҳои инсоният», «Арзиши мероси сӯфия» ва «Тамаддуни ислом».
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- ‘Абд ал-Хусайн Зарринкуб. Ценность суфийского наследия = ارزش میراث صوفیه / А. А. Хисматуллин; пер. с персид. М. Махшулова. — СПб.: Петербургское востоковедение, 2012. — 304 с. — ISBN 978-5-85803-454-4. Бойгонӣ шудааст 8 сентябри 2013 сол.
- ‘Абд ал-Хусайн Зарринкуб. Исламская цивилизация = تمدن اسلامی / ; пер. с персид. М. Махшулова. — М.: «Андалус», 2004. — 237 с. — ISBN 5-98605-012-6. Бойгонӣ шудааст 13 июли 2019 сол.
- ʻAbd al-Ḥusayn Zarrīnʹkūb. Dū qarn–i sukūt = دو قرن سکوت. — Шаблон:Teh.: Sukhan, 2000. — ISBN 964-5983-33-6. Бойгонӣ шудааст 1 июни 2013 сол. Архивная копия от 1 июня 2013 на Wayback Machine
- Олимону муҳаққиқони эронӣ — Абдулхосейн Зарринкуб