Абдулҷалил Балгиромӣ
Абдулҷалил Балгиромӣ (форсӣ: عبدالجلیل بلگیرامی; 1661, Балгиром – 1776, Шоҳиҷаҳонобод, мадфун дар Балгиром) — шоири форсизабони Ҳиндустон.
Навъи фаъолият: | шоир |
---|
Аз бозмондагони содоте, ки бо роҳбарии Абулфараҷи Воситӣ пас аз забти Бағдод аз ҷониби Ҳулокухон (с. 1217) ба Балгиром муҳоҷират карда буданд. Мувофиқи маълумоти манбаъҳои адабиву таърихӣ Б. шахси таҳсилдида, воқиф аз улуми ақлию нақлии давраш буда, дар Балгирому Аврангободу Шоҳиҷаҳонобод илм омӯхта, бо шоирону адибони ҳамзамонаш, мас., Носиралии Сарҳиндӣ, мулоқоту кору зиндагӣ кардааст. Асарҳояшро бо тахаллусҳои «Тирозӣ», «Воситӣ», «Абдулҷалил», «Мирҷалил» ва забонҳои форсӣ, ҳиндӣ, туркӣ менавишт. Аз анвои шеър бештар ба маснавӣ таваҷҷуҳ доштааст. Қасидаҳо, рубоиҳо, қитъаҳои моддаи таърих дорад; дар тамоми умраш ҳамагӣ як ғазал сурудааст. Маснавиҳои «Амвоҷи хаёл» (дар васфи Балгиром), «Падмоват» (маснавии ишқии муламмаъ ба форсӣ ва ҳиндӣ), «Тубо», номи дигараш–«Кадхудойии Фаррухсияр» (дар бораи издивоҷи Фаррухсияри подшоҳ бо духтари яке аз роҷаҳои ҳиндӣ), «Маснавии мадҳи Муҳаммадшоҳ» (дар бораи ҷашнҳои марбут ба оташи замони ин подшоҳ) боқӣ мондаанд. Аз Б. асарҳои дигаре ҳам, монанди «Ин Ҷалил», номҳои дигараш «Муншаот» ва «Мактубот» (шомили 39 номаи ирфонӣ ба писараш Муҳаммад; насри омехта ба назм), «Ҷавоҳиру-л-калом» (фарҳанги манзум ба форсӣ, туркӣ, арабӣ ва ҳиндӣ), «Одобу-л-мурассилин» (дар иншо ва номанигорӣ), «Гулзори фатҳи шоҳи Ҳинд», номи дигараш «Тӯйномаи фирӯзии Шоҳ Оламгир» (шомили 11 қитъаи моддаи таърих ба форсӣ, арабӣ, туркӣ ва ҳиндӣ), девони ашъор ва ғ., боқӣ мондаанд.
Б. дар яке аз маҷлисҳои адабии ҳукмронони давраш бо дар назар доштани теъдоди зиёди осораш ва муҳтавиёти онҳо, инчунин, монанди Амир Хусрави Деҳлавӣ дар дарбори ҳафт подшоҳ хидмат карданаш худро Амир Хусрави Деҳлавии вақт хондааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- . دائرة المعارف بزرگ اسلامی. جلد ۱۲. تهران، ۱۳۸۳ هـ. ش.
Сарчашма
вироиш- Балгиромӣ, Абдулҷалил / М. Диловаров // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.