Абдумаҷид Пӯлодов (Пӯлодов Абдумаҷид Мӯсоевич; зод. 8 апрели 1925, деҳаи Қистакӯз, ноҳияи Хуҷанд — 2012[1]) — невропатологи тоҷик, доктори илмҳои тиб (1963), профессор (1965), профессори фахрии Донишгоҳи Ҳарвард (1971). Иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1911—1945, майори хидмати тиббӣ). Писари Муллопӯлод Мӯсоев.

Абдумаҷид Пӯлодов
Таърихи таваллуд 8 апрел 1925(1925-04-08)
Таърихи даргузашт 2012
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Абдумаҷид Пӯлодов пас аз хатми Институти давлатии тиббии Тоҷикистон (1950) то соли 1964 дар вазифаи ассистент ва дотсент кор кард. Аз солт 1964 мудири кафед­раи неврологияи ҳамин институт. Пӯлодов бештар аз 250 асари илмӣ (аз ҷумла 5 монография ва 4 китоби дар­сӣ) эҷод кардааст. Китоби «Пропе­девтикаи бемориҳои асаб» (русӣ) аз тарафи Вазорати нтгаҳдории тандурустии СССР чун китоби дарсии институтҳои тиббии мамлакат тасдиқ гардидааст. Асарҳои ӯ ба масъалаҳои актуалии неврологияи клиникӣ бахшида шудаанд. Пӯлодов этноло­гия ва патогенези як қатор бемориҳои системаи асабро аз ҷиҳати илмӣ асоснок кард ва чандин аломатҳои нави зоҳиршавии бемориҳои асабро баён намуд, ки бо номи ӯ машҳуранд. Macалан, симптомокомплекси Пӯлодов, рефлекси сару рӯй (рефлекси краниофатсиалии патоло­гии Пӯлодов), фалаҷи асаби рӯй ба номи Пӯлодов. Пӯлодов чун сарневропатологи Вазорати нигаҳдории тандурустии РСС Тоҷикистон дар инкишофи хизмати неврологӣ дар республика ҳиссаи калон гузошт. Бо ташаббуси ӯ дар бисёр беморхонаҳои респуб­лика шӯъбаи неврологӣ, дар клиникаи кафедраи неврологии Институти тиб­бии Тоҷикистон лабортторияҳои электрофизиологӣ ва ликворологӣ, кабинетҳои невроафталмологӣ, отоневрологӣ ва психоневрологӣ таъсис ёфтанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Абдумаҷид Пӯлодов бо орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, Ҷанги Ватанӣ ва медалҳо қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Пӯлодов Абдумаҷид // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).