Абдумаҷид Сафоев
Абдумаҷид Сафоев (Сафоев Абдумаҷид Каримович; 8 майи 1985, ноҳияи Хуросон, ҶШС Тоҷикистон) — иқтисодшинос, номзади илмҳои иқтисодӣ (2015), дотсент.
Сафоев Абдумаҷид Каримович | |
Таърихи таваллуд | 8 май 1985 (39 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Хуросон, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои иқтисод (2015) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат |
Зиндагинома
вироишАбдумаҷид Каримович Сафоев 8 майи соли 1985 дар ҷ/д. ба номи С.Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик. Соли 1992 ба мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонии №10-и ноҳияи Хуросон қадам ниҳода, мактаби миёнаи номбурдаро соли 2003 хатм намудааст. Соли 2003 баъди хатм намудани мактаби миёна дар заводи пахтатозакунии ҶСШК «Файзалӣ» н. Хуросон фаъолият намуда, дар баробари ин дар маркази таълимотии «Ожонсии Инкишофи Осиёи Марказӣ»-и шаҳри Қурғонтеппа бо номи «CADA» курсҳои кӯтоҳмуддат аз забони англисӣ ва барномасозӣ – компютер гузашта, соҳиби сертификат гардидааст.
Соли 2004 ҳуҷҷатҳои худро ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмати Тоҷикистон, ба факултети соҳибкорӣ ва менеҷмент, ихтисоси «Иқтисодчии байналхалқӣ донандаи забони англисӣ» супорида, ихтисоси мазкурро соли 2009 бо дипломи аълочӣ ва тахассуси «Иқтисодчии байналхалқӣ» хатм намудааст. Сар карда аз соли 2010 ба шуъбаи аспирантура ва магистратураи донишкадаи соҳибкорӣ ва хидматӣ Тоҷикистон дохил гардидааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишФаъолияти кории Сафоев Абдумаҷид дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат ба ҳайси ассистенти кафедраи «Иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ» аз соли 2009 оғоз гардидааст. Аз соли 2009 то соли 2017 дар вазифаҳои Раиси созмони ҷавонони донишкада, ассистент, омӯзгори калон, дотсенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳон ва бизнеси байналмилалӣ, муовини декан оид ба қисми таълимӣ ва декани факултети соҳибкорӣ ва иқтисодиёти ҷаҳон фаъолият намудааст.
Дар соли 2015 рисолаи номзадии худро дар мавзӯъи «Мукамалнамоии механизми идоракунии лоиҳаҳои инвеститсионӣ (дар мисоли вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон)»[1] дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи равияи иқтисодиёти минтақавӣ ҳимоя намудааст.
Осор
вироишСафоев Абдумаҷид муаллифи бештар аз 50 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 монография ва ду китоби дарсӣ мебошад.
Китобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Механизм управления региональными инвестиционными проектами. – Душанбе:«Соҳибкор», 2016. – 128 с.
- Инновационно-инвестиционная стратегия развития Республики Таджикистан в условиях глобализации / Рахимов О.Н., Сафоев А.К. – Душанбе:«ИРФОН», 2017. – 122 с.
- Основные тенденции развития современной мировой экономики / Исмоилов А.А., Сафоев А.К., Худоёров Ш.Х. – Душанбе: «Соҳибкор», 2017. – 140 с.
Китобҳои дарсӣ
вироиш- Иқтисодиёти ҷаҳон (Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ) Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон/Қодирзода Д.Б., Сафоев А.К. Душанбе: «Соҳибкор», 2016 – 362 с.
- Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ (Китоби дарсӣ)/ Қодирзода Д.Б., Сафоев А.К.Душанбе: «Саманд-2012», 2018 – 275 с.
Эзоҳ
вироишПайвандҳо
вироиш- [Донишкадаи соҳибкорӣ ва хидмат http://dsx.tj Бойгонӣ шудааст 1 апрели 2018 сол.]