Ноҳияи Хуросон
Ноҳияи Хуросон (форсӣ: ناحیۀ خراسان) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Маркази ноҳия шаҳраки Обикиик мебошад.
Кишвар | Тоҷикистон |
---|---|
Маркази маъмурӣ | Обикиик |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ |
|
Ҷойгоҳ
вироишНоҳия дар қисми шимолии қаторкӯҳҳои Ғозималик ҷойгир буда, аз тарафи шарқ бо ноҳияҳои Ёвон ва ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, аз тарафи ҷануб бо ноҳияҳои Кӯшониён ва Дӯстӣ, аз ҷониби шимол бо ноҳияи Рӯдакӣ ҳамсарҳад мебошад. Маркази ноҳия шаҳраки Обикиик аз шаҳри Душанбе дар масофаи 45 км ва аз шаҳри Бохтар дар масофаи 40 км ҷойгир аст. Масоҳати ноҳия 896,1 км2 аст.
Таърих
вироишМавзеи Ғозималик аз давраҳои қадим дар ҳудуди ҳамин минтақаи Тоҷикистон ном гирифтааст. Аз нуқтаи назари муаррихон, калимаи Ғозималик аз ду қисм иборат аст: Ғозӣ — калимаи арабӣ буда, ба касе нисбат дода мешавад, ки дар роҳи ислом мубориза бурда буд. Маънои калимаи Малик — «Султон», «Шоҳ» мебошад. Аз гуфтаҳо бармеояд, ки Ғозималик ободкунандаи ҳамин диёр буда, таърихан ин диёр ба номи ӯ номгузорӣ шудааст. Дар имрӯза ноҳияи Хуросон ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асри 1-3-юми пеш аз милод аз давраи Кӯшониён (фарози назди деҳаи Сарбанд, Ҷамоати деҳоти Қизилқалъа) дарёфт гардида, дар он 800 адад нигораҳои таърихӣ аз давраҳои асри сангин мерос монда, дар осорхонаи мактаби № 14-и ноҳия нигоҳ дошта мешаванд. Инчунин ёдгориҳои таърихии мутааллиқ ба асрҳои миёна аз оромгоҳи уламои шариат Таъба Тобеин (аз деҳаи Тобини Ҷамоати деҳоти Ғаллаобод), ки зиёратгоҳи мардуми ноҳия ва берун аз он мебошад, бозёфт гардидааст. Инчунин дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихии Қалъаи Ғозималик ва шаҳрчаи Ҳалқаҷар ҷойгир шудааст.[1]
Соли 1936 ва аз нав 28 апрели соли 1983 ба номи ноҳияи Илич ташкил шуда, аз 12 марти соли 1992 номи ноҳияи Ғозималик ва аз 12 феврали соли 2004 номи ноҳияи Ғозималик ба ноҳияи Хуросон тағйир дода шуд.[2]
Мардум
вироишМардуми ноҳияи Хуросон ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2016, ноҳияи Хуросон 105,6 ҳазор нафар ҷамъият дошт.[3].
Сол | 2021 | 2022 |
Аҳолӣ, ҳазор наф. |
123,6 | 126,3 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Хуросон 1 шаҳрак ва 4 ҷамоат[4]. дорад:
Ҷамоатҳои ноҳияи Панҷ[5] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Обикиик, шаҳрак | 8500 | ||||||||||
Садриддин Айнӣ | 26724 | ||||||||||
Фахробод | 12264 | ||||||||||
Ғаллаобод | 18253 | ||||||||||
Ҳилолӣ | 18426 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Хуросон Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳия — Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳия ба муддати 5 сол интихоб мешавад.
Иқтисодиёт
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Омӯзишу парвариш
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Ниҳодҳои фарҳангӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Беҳдошту беҳзистӣ
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ёдгориҳои таърихию фарҳангии ноҳияи Хуросон. 17 апрели 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 25 апрели 2018.
- ↑ Қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2004 — ум, № 503,
- ↑ Хатои ёдкард: Барчасби
<ref>
ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номиstat.tj
ворид нашудааст - ↑ Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 26 сентябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2012.