Абдумаҷид Қодиров (20.05.1929 - 22.03.1997, Хуҷанд) - таърихнигор, доктори илми таърих (1969), профессор (1972).[1]

Профессор Абдумаҷид Қодиров
Таърихи таваллуд 20 май 1929(1929-05-20)
Зодгоҳ ш. Хуҷанд
Таърихи даргузашт 22 март 1997(1997-03-22) (67 сол)
Фазои илмӣ олим

Зиндагинома

вироиш

Абдумаҷид Қодиров ДДОЛ ба номи С.М.Кировро хатм кардааст (1951). Аспиранти Пажуҳишгоҳи таърихи маданияти моддии АИ ИҶШС (Ленинград, 1952-1955), муаллим, дотсенти кафедраи фалсафа (1955-1972), декани факултаи таъриху филология (1957-62), профессори кафедраи фалсафаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (1972-1997).

Абдумаҷид Қодиров 20 майи соли 1929 дар шаҳри Хуҷанд дар маҳаллаи «Чақари бойча»-и ҳозира «Тути калон» дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №6 (ҳоло № 18 шаҳри Хуҷанд) солҳои 1947-1951 донишҷӯи факултаи таърихи Институти Давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров гардида, онро бо баҳои аъло хатм кардааст. Абдумаҷид Қодиров ба донишу илмомӯзӣ шавқи зиёд дошта, дар омӯхтани забонҳои хориҷӣ низ кӯшиш ба харҷ медод. Мавсуф забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва олмониро дар сатҳи аъло аз худ карда буданд. Солҳои 1951-1952 ҳамчун аспиранти институти таърих, археология ва этнографияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1952-1953 идомаи таҳсили худро дар аспирантураи Пажӯҳишгоҳи таърихи маданияти моддии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Ленинград, сурат гирифтааст.

18 майи соли 1956 А.Қодиров рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Саҳми Абуалӣ ибни Сино дар инкишофи илми набототшиносии Шарқи асримиёнагӣ» ҳимоя намудааст. Солҳои 1957-1958 ба ҳайси омӯзгори кафедраи таърихи Институти Давлатии омӯзгории Ленинобод ба номи С.М. Киров ва солҳои 1957-1962 ҳамчун декани факултаи таъриху филологияи донишгоҳи мазкур фаъолият намудааст.

Соли 1969 дар донишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав, ки он вақт сарварии Институтро академик Бобоҷон Ғафуров ба уҳда дошт, рисолаи докториро ҳимоя намудааст. Қобили зикр аст, ки аллома Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмӣ ва зиндагии профессор Абдумаҷид Қодиров нақши назаррас доштааст. А.Қодиров 1-ноябри соли 1972 соҳиби унвони профессорӣ гардидааст. Солҳои 1972 -1996 ҳамчун профессори кафедраи фалсафаи донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи А.Б.Ғафуров фаъолият бурда барои хидматҳои шоистааш аз ҷониби роҳбарияти мақомоти соҳавии Ҷумҳурӣ ва иттиҳоди шӯравӣ қадршиносӣ гардида шудааст;

23-феврали соли 1961 бо ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Шӯравии Совети Тоҷикистон ва комитети Ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи коркунони маориф, соли 1970 бахшида ба 100-солагии В.И.Ленин бо медали «Ленин», 12 декабри соли 1974 бо ифтихорномаи Ҷамъияти умумииттифоқии «Знание» ва соли 1976 бо медал «Барои меҳнати шоён» сарфароз гардонида шудааст.

 
Ҷамъомади тантанавӣ оид ба расми кушоди лавҳаи номгузории кӯча ба номи профессор Абдумаҷид Қодиров

Абдумаҷид Қодиров дар рушду нумӯи Донишгоҳи Давлатии Хӯҷанд ба номи академик Б.Ғафуров, дар камолоти маънавии ҷавонон саҳмгузори арзанда буд. Устод дар хотираи ҳамкасбон ҳамчун инсони покдил, бо нури зиё, меҳрубон ва накӯкор нақш бастааст. Абдумаҷид Қодиров 22 марти соли 1997 дар шаҳри Хуҷанд вафот карда бошад ҳам, номи неку корҳои шоистаи ӯ дар дилу дидаи мардуми Хуҷанд абадӣ маскан гирифтааст.

Бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати панҷум аз 10 апрели соли 2019, таҳти №305 яке аз кӯчаи маҳаллаи 15-и шаҳри Хуҷанд ба номи профессор Абдумаҷид Қодиров гузошта шуд. Ба ин муносибат 21 майи соли 2019 дар кӯчаи номбурда ҷамъомади тантанавӣ оид ба расми кушоди лавҳаи ёдгорӣ ва номгузорӣ намудани номи кӯчаи мазкур баргузор гардид.

Осори илмӣ

вироиш

Муаллифи 35 асари илмӣ ва илмӣ-оммавӣ оид ба таърихи илм ва дин. Бо медалхо ва ифтихорномахо мукофотонида шудааст.

Сарчашма

вироиш
  1. http://elbibhgu.narod.ru/TavcifnomaiOmuzgoron/TavsifnomaiOmuzgoron.html
    2. https://www.hgu.tj/news/post/4564567567547.html
    3. http://www.khujand.tj/index.php?option=com_content&view=article&id=4760:muloqot&catid=36:navgoni&Itemid=182&lang=ru

Пайвандҳои беруна

вироиш