Абдумуталлиб Абдусатторов
Абдусатторов Абдумуталлиб (25 декабр 1947, шаҳри Исфара — 20.06.2002, ҳамон ҷо) иқтисодшинос, узви вобастаи Академияи муҳандисии ҶТ (1995). Аз оилаи хизматчӣ. ИПТ (1972), Академияи хоҷагии халқи Шӯрои Вазирони СССР дар шаҳри Москва (1988). Абдусатторов фаъолияти кориашро аз корхонаи сохтмону роҳсозии №5 ш. Душанбе ҳамчун устои роҳ, прораб, сармуҳандис (1972-1978) оғоз намудааст. Сармуҳандиси идораи сохтмони асосии кумиҷроияи ш. Душанбе (1978-1982), ҷонишини раиси идораи дар ҶТ будаи бонки саноату сохтмони СССР (1982-1986), раиси садорати «Тоҷикпромстройбанк», сипас бoнки саҳҳомиву тиҷоратӣ ва саноату сохтмони Тоxикистон «Ориёнбонк» (1986-1998). Дар бораи зиндагиномаи Абдусатторов таърихшинос А.Азимов бо номи «Шарораи меҳр» (Душанбе, 1997) таълиф кардааст. Ба ифтихори Абдусатторов дар маҷмааи фарҳангиву тиҷоратии «Ориён»-и шаҳр лавҳаи ёдгорӣ гузошта шудааст (2003).
Сурат | |
Таърихи таваллуд | 25 декабр 1947 |
Зодгоҳ | шаҳри Исфара |
Таърихи даргузашт | 2002 |