Абдураззоқ Махдум
Махдум Абдураззоқ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — хушнавис ва хаттоти тоҷик (охири садаи XIX – аввали садаи XX).
Зодгоҳ: | Шош |
---|---|
Навъи фаъолият: | хаттот ва хушнавис |
Зиндагинома
вироишЗодгоҳаш Шош. Дар навиштани анвои хати арабӣ маҳорати баланд дошта, осори классикони адабиёти форс-тоҷикро китобат кардааст. Аз намунаи осори китобаташ то имрӯз маҷмӯаҳои ашъори «Девони Юсуф» (китобаташ 1908, таҳти рақами 902), «Девони Фирӯз» (китобаташ 1908, таҳти рақами 3442) ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ (китобаташ 1904, таҳти рақами 7768) боқӣ мондаанд, ки дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфузанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироишСарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.