Абдурашид Мирзоалиев
Абдурашид Абдунабиевич Мирзоалиев (тав. 6.10.1973, ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд), иқтисоддон, н.и.и., дотсент
Зиндагинома
вироишМирзоалиев А.А. 6 октябри соли 1973 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд шудааст. Соли 1995 Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодиёт ва идоркунӣ дар савдо ва хȳроки омма хатм намудааст. Баъди хатми донишкадаи мазкур ҳамчун ассистенти кафедраи менеҷмент ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатию кооперативии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1998 ба ҳайси ассистент, муаллими калони кафедраи иқтисодиёт ва ташкили соҳибкории Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор ва фаъолият кардааст. Соли 2004 ба вазифаи муовини декани факултети иқтисодиёт ва менеҷмент оид ба тарбия таъйин шудааст. Соли 2005 Мирзоалиев А.А. рисолаи номзадии худро дифо намуда, сҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисод гардид. Аз соли 2006 ҳамчун мудири кафедраи менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2009 ба Мирзоалиев А.А. аттестати дотсенти супурда шуд. Аз соли 2013 то ҳол вазифаи декани факултети иқтисодиёт ва менеҷменти Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро иҷро менамояд.
Пайвандҳо
вироиш- Мирзоалиев Абдурашид Абдунабиевич Бойгонӣ шудааст 25 июни 2018 сол.