Абдураҳимхон Сафозода

Домулло Абдураҳимхони Сафозода, соли 1958 дар як хонаводаи мансуб ба содот ва аз пайравони тариқати Нақшбандия ва руҳонӣ мутаваллид шудааст. Вай, улуми муқаддимотии исломиро назди падари гиромияш Эшони Сафохон ва низ Қорӣ Халилҷон (аз руҳониҳои маъруфи Истаравшан) таламмуз карда ва пас аз хатми мактаби миёна, яъне соли 1976, таҳсили худро дар мадрасаи Мири Араби Бухорои Шариф (ки танҳо мадрасаи исломӣ дар саросари Шӯравӣ ба шумор меомад) идома медиҳад.

Абдураҳимхон Сафозода
Таърихи таваллуд 1958(1958)
Зодгоҳ Истаравшан
Таърихи даргузашт 26 август 2012(2012-08-26)

Дар ин мадраса, Домулло Абдураҳимхон, улуми динӣ аз ҷумла сарфу наҳви арабӣ, фасоҳат ва балоғат, тафсири Қуръони Карим, торихи ислом, улуми ҳадисӣ, усули фиқҳ ва фиқҳро назди Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ фаро мегирад.

Соли 1978 бо Аллома Раҳматуллоҳи Андиҷонӣ ошно ва зимни таламмуз дар назди вай, бо дидгоҳҳои сиёсии исломӣ ошноӣ пайдо мекунад. Мудирияти мадрасаи Мири Араб (ки он замон таҳти назорати шадиди давлати Шӯравӣ буда), Домулло Абдураҳимхонро (ҳамроҳ бо устодаш Домулло Маъруфҷон) ба хотири таҳсил назди Аллома Раҳматуллоҳ ва тадриси китобҳои сиёсӣ чун тафсири “Фи зилолил-Қуръон” ва китоби “Маъолиму фит-тариқ”-и Сайид Қутб барои донишҷӯён, аз мадраса ихроҷ мекунад.

Сипас, Домулло ба Тошкант нақли макон намуда ва дар он ҷо ба фаъолиятҳои худ идома медиҳад. Вай дар Тошкант, зимни тадриси зеризаминии улуми исломӣ дар “ҳуҷраҳо”, ҳамчунин бо дастури Аллома Раҳматуллоҳ, ба фаъолиятҳои сиёсӣ ва барои аввалин бор ба чопи китобҳои исломӣ дар Шӯравӣ мепарозад. Бо талош ва кӯшиши вай, китобҳои “Ислом дини нима?” ва “Ҷаноҳут-толиб” дар Тошкант чоп ва нашр мешаванд.

Пас аз шаҳодати Аллома, яъне соли 1980, ба дастури устодаш Домулло Маъруфҷон ба Душанбе сафар карда ва аз тариқи Эшони Қиёмуддин, бо Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ ошно мешавад. Бо пайванд хӯрдани ҳастаи исломгароёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, фаъолиятҳои Домулло Абдураҳимхон ранги дигаре ба худ гирифта ва аз он торих ба баъд, бо дастури Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ, Абдураҳимхон маъмури ташкили ҳастаҳои сиёсии исломӣ дар Ӯзбекистон мешавад.

Ҳамчунин, соли 1985, бо тавсияи устодаш, ба таҳсил дар факултаи ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Ӯзбекистон мепардозад (ва соли 1990 онро ба поён мерасонад). Ҳамзамон, бо дастури Устод Сайидабдуллоҳи Нурӣ, ба унвони раиси бахши вилоятии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйин мегардад, ки то соли 1991 ин масъулиятро ба дӯш доштааст.

Вай соли 1989 ҳамроҳ бо устодаш Домулло Маъруфҷон ба зодгоҳаш Истаравшан баргашта ва бо кумаки Қозӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода нахустин масҷиди ҷомеи шаҳр (масҷиди Ободӣ)-ро таъсис менамоянд. Аз он торих то соли 1992, ба ҳайси муовини сархатиб дар канори устодаш Домулло Маъруфҷон фаъолият мекунад. Дар хилоли фаъолият дар ин масҷид, Домулло Абдураҳимхон бо мусоидат ва кумаки Қозӣ Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, мадрасаи исломии шаҳри Истаравшан (мадрасаи Султон Абдуллатифхон)-ро эҳё ва ба унвони мудири ин мадраса, як сол фаъолият менамояд.

Бо шурӯъи даргириҳои дохилӣ дар Тоҷикистон ва зиндонӣ шудани устодаш Домулло Маъруфҷон, ӯ муддатеро дар ҳиҷрат ба сар мебарад. Аммо дере намепояд, ки аз нав масҷиди дигареро дар шаҳри Истаравшан (масҷиди Сари Мазор) таъсис ва ба унвони сархатиби ҳамин масҷид то замони фавташ машғул ба фаъолият мешавад, ва ҳамчунин дар канори ин масҷид, мадрасаеро (мадрасаи исломии Аттавҳид) роҳандозӣ мекунад.

Пайвандҳо

вироиш

Кимиёи Саодат - Мо ҳама аз Худоем ва ба сӯи Ӯ бозмегардем Бойгонӣ шудааст 4 марти 2016  сол.