Истаравшан

шаҳр дар Тоҷикистон

Истаравшан (форсӣ: استروشن‎) — маркази ноҳияи Истаравшан ва яке аз шаҳрҳои қадимтарин дар Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Курушкада, Киропол (Кирэсхата), Уструшана, Суйдуйшана, Ӯротеппа баъзе аз номҳои пештараи ин шаҳр буданд. Истравшан аз рӯи шумораи аҳолӣ 59 900 (2015)[2] дуюмин шаҳри тобеи вилояти Суғд мебошад. Масофаи байни Истаравшан ва маркази вилоят Хуҷанд 78 км ташкил медиҳад. 10 ноябри соли 2000 номгузурии туркзабонаи шаҳри Ӯротеппа дар асоси қарори Маҷлиси Миллии ҶТ ба номи қадимаи он, Истаравшан иваз карда шудааст.

Шаҳр
Истаравшан
русӣ: Истаравшан
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Суғд
ноҳия Истаравшан
Таърих ва ҷуғрофиё
Таъсис садаи VI пеш аз милод
Номҳои пешина Киропол (Курушкада), Уструшана, Ӯротеппа
Масоҳат 1,830.09 км²
Баландии марказ 992 ± 1 м
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 64 300[1] тан (2022)
Миллият тоҷикҳо, ӯзбекҳо
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3454
Нишонаи почта 735610
 Парвандаҳо дар Викианбор
Қалъаи Муғ. ш. Истаравшан, соли 2018

Аҳолӣ

вироиш
сол 2012 2013 2014 2015 2019 2020 2021 2022
шумора
(ҳаз. нафар)
56,2 57,4 58,6 59,9 64,6 65,6 63,3 64,3

Таърих

вироиш

Таърих гувоҳ аст, ки Истаравшани бостонӣ яке аз шаҳрҳои қадимтарини Осиёи Марказӣ буда, таъриху тамаддун, адабу фарҳанги хоси хешро дошта, дар ҳаёти сиёсию иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ин қаламрав нақшу мавқеъи муҳимро бозидааст. Аз ин рӯ, беҳуда нест, ки онро ҳамсамту ҳамрадифи шаҳрҳои машҳури Бухорою Самарқанд мешуморанд. Ҳар пора хишту похсадевори осори кухани Истаравшани бостонӣ аз афтидану хестанҳо, сӯхтану сохтанҳо, шикастану пайвастанҳо ва борҳо завол ёфтану бозгашта эҳё шуданҳо, яъне аз тамаддуни дерина, давлатдории кӯҳанбунёд ва заҳматписандию ободгарии миллати ҷафокашидаю сарбаланди тоҷик қисса мекунад.

Дар ҳамин ҷой аст, манзилгоҳи ман,
Дар ҳамин ҷой аст равшан роҳи ман.
Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,
Дар ҳамин ҷо чашм бино омадам.
 
Сарзамини Суғд дар ҳайати Сулолаи Ҳахоманишиён

Дар таърихи тамаддуни башарӣ шояд кам шаҳре вохурад, ки дар дарозии наздик ба 3000 сола се маротиба, балки 4 маротиба номи худро иваз карда бошад. Киропол (Кирэсхата, Курушкада) Истаравшан, Ӯротеппа ва боз ҳам Истаравшан. Ин шаҳри қадима аз макони афсонаҳои зинда тули 600-700 соли охир Ӯротеппа ном дошт. Таърих мисолеро ёд надорад, ки ин ё он шаҳре мисли Истаравшан аз рӯзи пайдошавӣ дар саҳфаи таърихи тамаддуни инсоният шаҳр ё кишвари қалъа андар қалъа ёд шавад. Қалъаи Муғ, Қалъаи Баланд, Қалъаи Меҳнат, Қалъачаи Гули Зард, Қалъачаи Бакавул, Қалъачаи Араб ва ғайра, ки имрӯз номи бархе аз мавзеъ ва деҳоти Истаравшанро ба худ гирифтаанд, дар рӯзгори мози дижу истеҳкоми Курушкада (Кирополь) Истаравшан – Ӯротеппаро дарбар мегирифтаанд. Ин шаҳри бостонӣ, ки дар гузашта дар таърихи башари ҳамчун давлати мустакил ва вилояти комилхуқуқ солиёни зиёд мавкеи мухимро ишғол мекардааст, ба қавли Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи Илмҳои ИҶШС Бобоҷон Ғафуров аз замони «Аирйани Ваеҷаҳ» «Фарохнои Ориёно» кишвари бузурги ориёӣ, ки дар китоби бузурги мардумони ориённажод «Авесто» 3000 сол қабл аз ин зикр шудааст, чун яке аз силотиҳои сукунати тоифаҳои эронӣ — дар таърих ва тамаддуни тоҷикон ва дигар халқҳои Осиёи Марказӣ осори амиқ гузоштааст.[3]

Истаравшан аз замонҳои қадим то ба ин рӯз чун маъвои рушду тараққии санъат ва илму адабиёт боқӣ мондааст. Дар ин ҷо рисолаҳои таърихӣ, асарҳои бадеӣ, адабиёти оммавию сиёсӣ таваллуд мешуданд. Чуноне, ки кофтуковҳои ҳафриётӣ собит сохтаанд, дар Истаравшани имрӯза нишонаҳои рӯзгори давраи палеолит, ки ба миёнаҳои хазорсолаи якум то милод тааллук дорад, боқӣ мондаанд. Дар ин ҷо аз ҷониби одамони ҷамъияти ибтидои манзилгоҳҳо, сарпаноҳҳову нишеманҳо сохта мешуданд. Нахустин сарчашмаҳои хаттӣ оид ба Истаравшан ҳамчун яке аз марказҳои Суғди бузург ба асри VI то милод, яъне ба он давраҳо тааллуқ дорад, ки Истаравшан яке аз вилоятҳои империяи Ҳахоманишиён маҳсуб мешуд. Умуман, Истаравшан имрӯз шаҳрест, ки ба осорхонаи зиндаи таърихи башарӣ шабоҳат дорад. Дар шаҳру ноҳия зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва меъморӣ маҳфуз ёфтаанд, ки ҳар яке аз 300 то 1500 сола таърих доранд. 6 адад дарахтони азими сарв, ки имрӯз дар Савристон ном мавзеъи деҳаи Ругунд сар ба фалак кашидаанду ғафсии танаашон баробари 10-12 қулочи одамист, умри беш аз 1400 сола доранд. Мақбараҳои бобои Абубакри Шибли (асри VIII), Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII), ансамбли меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХIХ), Сари Мазор (асри ХVI) ва ғайра номгӯи хурди офаридаҳои бузургу нотакрори ҳунармандон, наҷҷорон, наққошон, кандакорон ва соири дигари Махдуми ин куҳандиёранд, ки ҳар яки он боиси ифтихори миллии мардуми тоҷиканд. Обҳои ҷонбахши чашмаҳои мусаффо, меваҷоти лазизу гуворо, гиёҳҳои шифобахши кӯҳҳои Истаравшан аз азал табобатгоҳи табии мардумони Осиёи Марказӣ будааст. Мақбараи Бобои Абубакри Шибли, ки дар гузари Дарвозаи Боло воқеъ гардидааст, низ аз қадимтарин ёдгориҳои таърихӣ мебошад. Ва бино бо ақидаи муаррих Аҳрор Мухторов соли вафоти ин шахсияти бузург 773-и милодист ва азбаски дар Истаравшан дини ислом соли 822 ҷорӣ гардидааст, Бобои Абубакри Шибли бояд пайрави мазҳаби зардуштӣ бошад. Яъне ин мақбараи таърихӣ беш аз 1230 сола дорад.

Истаравшан ва давраи Русияи подшоҳӣ

вироиш

Баъди забти Осиёи Миёна аз ҷониби Русия анъанаҳои шаҳрсозӣ дар Истаравшан боз такмил ёфт. Дар қисмати шимолию шарқии он бахши русии шаҳр бо номи «Гузари Урус» ба вуҷуд омад. Маъмурияти давлатии подшоҳи рус ва табақаҳои он ба эъмори калисо, иморатҳои ҷамъиятию истиқомати гарнизони ҳарбию почта, мактаби русию таҳҷои даст задаанд, ки он соли 1888 кушода шудааст. Сарфи назар аз он, ки ин кишвари дар гузашта мустақил вилояти маъмул ва шаӽри азим дар дарозии даврони таърихи борҳо хароб гардидаю аз нав эҳё гардидааст, тавассути заҳмати дастони тиллоии ҳунармандони мунтозаш ва мардуми бонангу ору номуси Истаравшан, суннатҳои фарҳангию ҳунари хифзшуда ганитар мегардан. Гулдузону дарзиёни моҳири Истаравшан, сузани, зардевори, камарбанд, ҷойнамоз, туппиҳои (тоққи) мардонаю занона ва бачагона ва соири дигари ҳунарҳои мардумиро машҳур гардониданд. Чуноне, ки академик Аҳрор Мухторов дар китоби "Ҳокимони Истаравшан" ба рӯзномаи «Туркестанские ведомости» истинно карда навиштааст, дар соли 1882 дар Ӯротеппа (Истаравшан) 578 гузари ҳунарҳои мухталифдор ва 642 дукони ҳунармандони мардумӣ фаъолият мекард. Шаҳр зиёда аз 120 масҷид дошт. Гузарҳои заргарӣ, мисгарӣ, оҳангарӣ, кордгарӣ, дегрезон, шонатарошон, косабофон, читгарон, кулолгарон, осиёдурусткунон, чармгароне ва ғайра ҳоло ҳам ҳастанд ва ҳунарҳои дурудгариву хиштпазӣ, танурсозиву кафшдузӣ, собунпазиву аллофӣ, ресандагию қолинбофӣ, қошуқтарошию наългарӣ ва ғайра аз ҷумлаи ҳунарҳои мардуми заҳматкаши Истаравшан мебошад. Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон бо дастгирии ҳукумати кишвар мардуми Истаравшан бори нахуст соли 2002, 2500 солагии шаҳри қадимаро ҷашн гирифт.

Аксҳои Истаравшан

вироиш

Боз нигаред

вироиш

Пайвандҳои беруна

вироиш
 
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: