Абдураҳим Шерматов

Абдураҳим Шерматов - овозхон ва мақомсаройи тоҷик, омӯзгор

Абдураҳим Шерматов
Абдураҳим Шерматов
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 19 сентябр 1953(1953-09-19) (71 сол)
Зодгоҳ Исфара
Пеша(ҳо) овозхон

Зиндагинома

вироиш

Аз оилаи коргар. Фориғуттаҳсили Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинобод (1975). Омӯзгори мактаби № 43 (1975-1977), мудири клуби сайёр, роҳбари бадеии коҳи фарҳанг, директори хонаи маданияти №2 (1977-1993), роҳбари ансамбли «Шашмақом»-и шуъбаи фарҳанг, директори қасри «Шифокорон»-и осоишгоҳ, ҷонишини сардухтур оид ба корҳои маданию равшаннамоии осоишгоҳи «Зумрад» (1993-1995), аз соли 1996 сармуаллими факултаи санъати ДДХ. Роҳбари бадеии ансамбли бачагонаи «Шашмақом» (2003) мебошад. Сирру асрори Шашмақом ва навову сурудҳои классикиро аз ҳунарпешаи хидматнишондодаи ҷумҳурӣ Мирзоқурбон Солиев омӯхт. Бо ҳунармандони маъруфи Шашмақом Боймуҳаммад Ниёзов, Ҷӯрабек Муродов ва Камолиддин Раҳимов ҳамкории эҷодӣ дорад. Беш аз 30 оҳанг эҷод намуда, устоди зиёда аз 20 наф. сарояндагони сурудҳои классикӣ мебошад. Иштирокдори симпозиумҳои байналхалқии мақомхонон дар Самарқанд, Исфара ва Душанбе («Аржанг-2001»), ғолиби озмуни шашмақомхонони ҷумҳурӣ (1990) ва дорандаи медали “Хидмати шоиста” (2000) аст. Филми мустанади «Марди ҳунар» (ТВ Тоҷикистон, 1993, реж. И. Самадов, 50 даҷ.) ба фаъолияти ҳунарвариаш бахшида шуда, фонди тилоии радиои тоҷик зиёда аз 20 савту сурудҳои классикиро дар иҷрои Шерматов маҳфуз медорад.[1]

Сарчашма

вироиш
  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. ISBN 978-99947-49-13-3