Телевизиони Тоҷикистон

(Тағйири масир аз ТВ Тоҷикистон)

Телевизиони Тоҷикистон — шабакаи телевизионии давлатӣ ва умумимиллии Тоҷикистон.

Телевизиони «Тоҷикистон»
Муассисаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон»
Логотипи ТВТ
Мамлакат
Минтақаи пахш Парчами Тоҷикистон Тоҷикистон
Парчами Замин Замин
Замони пахш шабонарӯзӣ
Забон асосан тоҷикӣ, камтар русӣ
Маркази идоракунӣ Душанбе Тоҷикистон
Оғоз 3 сентябри 2005
Ҷойгузиншуда Шабакаи 1
Бинандагон тақрибан 20 миллион
Асосгузор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Молик Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии телевизиони «Тоҷикистон»
Каналҳои хоҳар Парчами Тоҷикистон ТВ Сафина
Парчами Тоҷикистон ТВ Ҷаҳоннамо
Парчами Тоҷикистон ТВ Баҳористон
Парчами Тоҷикистон Варзиш ТВ
Парчами Тоҷикистон ТВ Синамо
Парчами Тоҷикистон ТВ Шаҳнавоз
Парчами Тоҷикистон ТВ Илм ва табиат
Парчами Тоҷикистон ТВ Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ
Парчами Тоҷикистон ТВ Футбол
Сайт tvt.tj

Таъсис

вироиш

Телевизиони Тоҷикистон бо номи Студияи Душанбе 3 октябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе бори нахуст ба фаъолият оғоз кард.

Таърих

вироиш

Аввалин Директори телевизиони Тоҷикистон нозири (инспектор) шуъбаи таблиғотии КМ ҲК Тоҷикистон Обид Ҳомидов таъйин шуд. Аввалин сармуҳарррири телевизион Иброҳим Раҳматов буд ва барои равнақи кори телевизиони навтаъсис ҳамчунин мутахассисон Зайнаб Ғуломова, Улмасой Мухторова, Акбар Ҷӯраев, Пулодой Азимова, ки маълумоти филологӣ доштанд ба кор даъват шуданд.

Телевизиони Тоҷикистон 3 октябри соли 1959 ба пахши барномаҳо шурӯъ намуд, ки он як руйдоди навини фарҳангӣ дар Тоҷикистон буд.

Студияи телевизиони Тоҷикистонро нахустин наттоқон Рафоат Абдусаломова ва Валентина Исоева бо салому паёми худ ба экрани телевизон ҳусни оғоз бахшиданд. Дар ҳар як хонадони тоҷику тоҷикистонӣ барномаи аввалини телевизиони ҷумҳурӣ намоиш дода шуд. Барномаи аввалин асосан таҷрибавӣ буданд. Барномаи иттилоотии «Ахбор» аз 3 дақиқа иборат буд, дигар филмҳои кӯтоҳметражи ҳуҷҷатию тасвирӣ намоиш дода мешуданд.

Намоишҳои аввалини Телевизиони Тоҷикистон қариб якуним соат давом мекард. То охири соли 1960 ҳаҷми барномаи иттилоотии «Ахбор» 10 дақиқа ва ҳаҷми умумии барномаҳои ҳаррӯза ба 3 соату 30 дақиқа расонида шуд. Мутобиқи маълумоти оморӣ соли 1959 дар пойтахт - шаҳри Душанбе наздики 300 адад телевизор мавҷуд буда, аз он бинандагон ғизои маънавӣ мегирифтанд. Дар таърихи 29 январи соли 1960 қарори Кумитаи Марказии ҲКИШ «Дар бораи инкишофи минбаъдаи телевизиони шуравӣ» баромад, ки барои рушди минбаъдаи мамлакати бузург замина фароҳам овард. 17 феврали соли 1960 бюрои Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон масъалаи андешидани чораҳоро баҳри иҷрои қарори КМ КПСС «Дар бораи инкишофи минбаъади телевизиони советӣ» баррасӣ намуд, ки рушди телевизиони Тоҷикистон такони ҷиддӣ бахшид. 2 феврали соли 1960 студияи сайёри телевизионӣ (ССТ) ба фаъолият сар кард. Мақсади онвақтаи Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он равона шуда буд, ки пахши онро ба таври ҳамарӯза ташкилу пахш намоянд. Ва ниҳоят Телевизиони Тоҷикистон аз 1 июли соли 1960 пахши намоишҳоро ҳамарӯза амалӣ намуд. Фаъолияти студияи Душанбе (октябри соли 1959) то охири соли 1962 мустақил буд, ҳарчанд дар ҳайати Кумитаи оид ба радиошунавонӣ ва телевизиони назди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон расман қарор дошту директори он узви ҳайати мушовараи (коллегия) Кумита буд. Дар Телевизиони Тоҷикистон 16 ноябр маҷаллаи телевизионии «Тандурустӣ» бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба намоиш гузошта шуд, он бо ҳамкории олимон Абдумаҷид Пулодов, Зикриё Абдуллохоҷаев, Фозил Абдураҳмонов ба мардум маърифати тиббӣ медоданд. Руйдоди дигари таърихӣ 24 феврал амалӣ гардид, ки студияи телевизионии Ашқобод давоми якуним соат аз ҳаёти мардуми Тоҷикистон намоишҳоро пахш намуд. Аввали соли 1965 барномаҳои ҳаррӯзаи иттилоотии «Навигариҳои телевизионӣ» ба «Ахбор» бо забони русӣ (Новости) ва давоми понздаҳ дақиқа давом дошта, табдили ном кард.

Таи солҳои 60-70-ум барои беҳтар намудани сатҳи намоишҳои телевизонӣ ва ҷалби тамошобинон заҳмати шоирону нависандагон Файзулло Ансорӣ, Бобо Ҳоҷӣ, Меҳмон Бахтӣ, Фотеҳ Исҳоқӣ, Баҳром Фирӯз, Муҳиддин Хоҷаев, Раҳмон Остонов, Ато Ҳамдам, Иноят Насриддин, ки дар идораи адабиёт ва фарҳанг вазифаи сармуҳаррирро ба уҳда доштанд, хеле назаррас мебошад. Дар қисмати русии идораҳои телевизиони Тоҷикистон шоирони русзабон Михаил Табачников, Сергей Корнеев, Эдуард Карпухин фаъолият дошта, барномаҳои гуногунмазмунро таҳия мекарданд.

Дар солҳои 70-80-уми асри гузашта намоишҳои «Чойхонаи Дилкушо», «Беғараз панд», «Театр ва тамошобин» барои тамошобинон маҳубияти хоса доштанд ва ҳамзамон дар ташаккули маънавию тарбиявӣ мардум саҳми калон доранд. Барои ҷолибияти ин барномаҳои телевизионӣ коргардонҳо Шодибек Ҳотамбеков, Наим Латифов, Соҷида Ғуломова, Музаффар Ғаниев, Иззат Самадов обуранги бадеӣ дода, диққати тамшобинро бештар ҷалб менамуданд. Соли 1964 вазифаи директори телевизиони Тоҷикистон Меҳрубон Назаров таъйин гардид. Аз соли 1967 инҷониб тамошобинон барномаҳои Телевизиони марказӣ (ҳоло ОРТ, РТР) ва студияи телевизони Тошкандро ба воситаи канали релеии Душанбе - Тошканд тамошо мекарданд. Дар натиҷаи рушди техникаи иттилоотию коммуникатсионӣ ва талаботи замон аз таърихи 25 январи соли 1975, телевизиони Тоҷикистон пурра таҷҳизоти техникиро иваз намуда, стансияи сайёри телевизиони ранга ба кор даромад, яъне тамошобин имконият пайдо намуд намоишҳоро бо тасвири ранга бинад.

Агар соли 1959 дар телевизион 54 нафар кор мекарда бошанд, пас дар соли 1990 шумораи онҳо зиёда аз 400 нафар ташкил медод. Агар солҳои аввали таъсисёбии телевизион кадрҳо қисман аз аз ҳисоби шоирону нависандагон, рӯзноманигорон, кормандони радио интихоб мегардиданд, ҳоло бошад пас ба кори телевизион бештар ҷавонон ҷалб карда мешаванд. Дар телевизиони тоҷик ба танзиму ҳамоҳангсозии барномаҳо Дирексияи барномаҳо назорат мекунад. Бо сарварии директор ва Дирексияи барномаҳо нақшаҳои ҳармоҳа ва солонаи эҷодии сарредаксияҳои телевизион, ки шумораи онҳо дар солҳои 1980-1990-ум 8-то иборат буд, дар солҳои 2000-ум ба шаш Иттиҳодияҳои эҷодӣ расид, кору фаъолият менамоянд. Аввали солҳои 1980-ум иваз намудани дастгоҳҳо барои сабту танзими барномаҳо дар студияи якум АСБ-4 «Переспектива»-и ранга гузошта шуда, дастгоҳҳои дукамеравӣ дар студияҳои дуюму сеюм ҷой дода шуданд. Кормандон бо камераҳои телевизионии журналистӣ (ТЖК) таъмин гардида, барои танзиму пахши оҷилии барномаҳо шароити мусоид фароҳам гардид. Телевизиони давлатӣ дар солҳои истиқлол ба воситаи асосии ахбор табдил ёфт, борҳо се бор — 1991, 1992, 1993 сиёсати худро тағйир дод, ки ин ба ҳолати сиёсии кишвар вобаста буд. Дар ин давра ба он А. Сайфуллоев, Б. Икромов, Б. Маҳмадов, С. Раҳимов, У. Раҷабов, А. Раҳмонов ва А. Раҳмонов роҳбарӣ кардаанд. Дар таърихи телевизиони Тоҷикистон 26 июни соли 2006 ҳамчун рӯзи навсозии воситаҳои техники телевизион ва паҳн намудани барномаҳои он сабт хоҳад шуд. Дар телевизион гузаштан ба техникаи нави рақамӣ тақозои давру замон аст, зеро имрӯз тамоми телевизионҳои ҷаҳон бо намуди навини техникӣ фаъолият менамоянд. Таҷҳизоти марказии пахши барномаҳои телевизиони Тоҷикистон ба пуррагӣ иваз карда шуд. Дар ин дигаргуниҳо системаи танзим ва пахши барномаҳо дар якҷоягӣ тавассути комютерҳо ба ҷо оварда мешаванд. Дар телевизиони Тоҷикистон дар студияи якум таҷҳизоти (20.8 Х 14 Х 8) иваз карда шуд. Айни ҳол телевизони Тоҷикистон 97 фоизи аҳолии ҷумҳуриро фаро мегирад ва барномаҳои онро тавассути моҳвораи LMI-1 сокинони мамлакатҳои Осиё ва Аврупо, аз Япония то Франсия ва як қисми Африқо метавонанд, тамошо намоянд.[1]

Журналистони телевизион

вироиш

Online-tv Дар сомонаи teleradiocom.tj Бойгонӣ шудааст 24 июни 2021  сол.

Нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш