Абдураҳмон Ашӯров
Абдураҳмон Ашӯров (24 марти 1955, Хуҷанд — 16 августи 2023, Хуҷанд, Тоҷикистон) — ҳунарпешаи театри тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1998).
Таърихи таваллуд: | 24 март 1955 |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Таърихи даргузашт: | 16 август 2023 (68 сол) |
Зиндагинома
вироишСоли 1978 факултаи актёрии Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро ба пойн оварда, дар Театри мусиқӣ-мазҳакаи шаҳри Хуҷанд фаъолияти корияшро шурӯъ намуд ва то охири умро онҷо кор кард.
Силсилаи образҳоро дар қариб панҷоҳ намоишнома, амсоли «Аз номи инқилоб», «Зангирии Фигаро», «Суруди Маҳастӣ», «Темурмалик», «Парранда дар қафас», «Камоли Хуҷандӣ», «Шабпарак хоб дид» ба вуҷуд овардааст. Эҷодаш намунаи хуби санъати таҷассумгарӣ дар офаридани симоҳои гуногун мебошад. Ғолиби чандин озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявии театрӣ аст.
Даргузашт
вироишАбдураҳмон Ашӯров 16 августи соли 2023 дар сини 67-солагӣ даргузашт[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Даргузашти ҳунарманди шинохтаи театри Тоҷикистон(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон. Sputnik (16 августи 2023). 16 августи 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.