Абдураҳмон Лакимович Қодиров
Абдураҳмон Лакимович Қодиров (25.07.1955, шаҳри Хуҷанд) — мухандис, доктори илмҳои иқтисод (2000), профессор (2001).[1]
Абдураҳмон Лакимович Қодиров | |
Таърихи таваллуд | 25 июл 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд , вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | иқтисод |
Ҷойҳои кор | Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Тоҷикон», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои иқтисод (2000) |
Унвонҳои илмӣ | профессор (2001) |
Зиндагинома
вироишАбдураҳмон Лакимович Қодиров факултаи низомҳои идоракунии автоматикунонидаи Донишгоҳи миллии радиоэлектроникаи шаҳри Харковро хатм кардааст (1977).
- Солҳои 1982-1985 Аспиранти Донишгоҳи давлатии информатика, иқтисодиёт ва омории шаҳри Москва.
- Солҳои 1986-1993 ассисент, муаллими калон, мудири кафедра, декани факултети Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон (ДТТ).
- Солҳои 1993-1994 Директории бахши Хуҷандии ДДТ.
- Солҳои 1994-1995 Муовини ректори қисми таълим ва илми Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, тиҷорат ва сиёсати Тоҷикистон.
- Солҳои 1995-1996 Директории кули корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико «Тоҷикон».
- Солҳои 1996-1999 Муовини ректори иқтисоду иҷтимоии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 1999-2015 Мушовири ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров (дар як вақт доктаранти Донишгоҳи давлатии информатика, иқтисодиёт ва омории шаҳри Москва).
- Соли 2000 то 2007 Директори Институти менеҷмент ва технологияи компутерии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров.
- Солҳои 2007-2010 Декани факултети Телекоммуникатсия ва технологияҳои иттилоотии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров
- Солҳои 2010-2012 Муовини ректор оид ба корҳои илми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Солҳои 2012-2020 Декани факултети Молия ва ИБ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Аз 05.2020 - 09.2020 Иҷрокунандаи вазифаи декани факултети иқтисодии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.
- Аз 21.09.2020 то ҳол директори Институти илмӣ-тадқиқотии илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[2]
Аз «Информатика» ва «Эконометрика» дарс мегӯяд, менечер-соҳибкор мебошад. Вай узви шӯроҳои экспертии якчанд хазинаҳои байналмилали аст. Иштироккунандаи як катор конфронсу хамоишҳои байналмилали (Маскав, 1985-1987, Техрон, 1997, Харков, 2001, Туапсе, 2005 ва диг.).
Осор
вироиш- Динамика организационной структуры управления народным хозяйством Таджикистана. Худжанд, 1998;
- Методы и модели организационного проектирования. Д.: Ирфон, 1991;
- Моделирование организационной структуры управления национальной экономикой. Худжанд: Хуросон, 1999;
- Асосҳои сохибкори ва маркетинг. Хуҷанд: Хуросон, 2001;
- Асосҳои фаъолияти тичорати. Хуҷанд: Хуросон, 2002.
ҷоизаҳо
вироиш- Дорандаи ҷоизаи вилоятии ба номи академик Б. Ғафуров (2002).