Абдурозиқ Холиқов

Абдурозиқ Холиқов (тав. 17.12.1949, деҳаи Кӯҳдараи Роҳатии ноҳияи Ленин), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1983), дотсент (1988).

Абдурозиқ Холиқов
Абдурозиқ Холиқов
Таърихи таваллуд: 17 декабр 1949(1949-12-17) (71 сол)
Зодгоҳ: ноҳияи Рудакӣ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Маҳалли даргузашт: Душанбе
Кишвар:  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ: дотсент
Алма-матер: Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин

ЗиндагиномаВироиш

Солҳои 1966–1972 дар шӯъбаи шабонаи факултети механика ва математикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1972–1973 афсари Артиши Шӯравӣ, 1973–1978 ассистент, 1978–1981 аспирант, 1981–1985 муаллими калони кафедраи методикаи таълими математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1985–1996 ҳамчун дотсенти кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев, 1996–1999 дотсенти кафедраи алгебра ва назарияи ададҳои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон кор кардааст. Аз соли 1999 дотсенти кафедраи математика ва информатика, раиси Комитети иттифоқҳои касабаи Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон мебошад. Оид ба масъалаҳои стреометрия, тадқиқ ва методикаи ҳалли онҳо кори илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 35 номгӯи мақолаҳои илмию методӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад.

ОсорВироиш

Геометрия (Китоби дарсӣ барои синфҳои 10–11, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2000; Тағйири талаботи баъзе масъалаҳои геометрӣ ва тарзи ҳалли онҳо // Мактаби советӣ, 1981, №7; Тарзҳои гуногуни ҳалли масъалаҳо доир ба исбот // Мактаби советӣ, 1985, №5.

ПайвандҳоВироиш