Абдурраззоқи Боштинӣ

Абдурраззоқ ибни Шиҳобуддини Фазлуллоҳи Боштинӣ (форсӣ: عبدالرزاق بن شهاب الدین فضل الله‎; дарг. 1338) — аввалин амири сарбадорони Хуросон (13371339). Лақаби «Аминуддавла» доштааст.

Абдурраззоқи Боштинӣ
Даргузашт 1338

Зиндагинома

вироиш

Дар дарбори хони муғул Абусаидхон шуғли девонӣ дошт. Абдураззоқ шахси нерӯманду ҷанговар буд. Хони муғул Абусаидхон қабл аз маргаш барои ҷамъ кардани амвол аз вилояти Кирмон Абдураззоқро ба унвони намоянда фиристод, лек Абдураззоқ хирочи ҷамъкардаро барои худ харҷ кард ва ба зодгоҳаш Боштин баргашт. Марги Абусаидхон ӯро аз ҷазо халос кард. Пас аз ин Абдураззоқ вазъияти мардуми шӯридаро фаҳмида, бар он сарварӣ кард ва ин шӯриш номи «қиёми сарбадория» ё тоифаи «Сарбадорон»-ро гирифт. Шӯриши «Сарбадорон» бо сардории Абдураззоқ хеле низом пайдо карда, овозаи он саро-сари Хуросон паҳн шуд. Абдураззоқ соли 1337 Сабзаворро тасарруф карда, ба маркази давлати нави худ табдил дод. Дар кӯтоҳтарин муддат Родкон, Ҷувайн, Исфароин, Ҷоҷарм ва шаҳрҳои атрофро яке паси дигаре гирифт. Тақрибан дуюним сол дар сари қудрат қарор дошт ва ниҳоят аз тарафи бародараш Ваҷеҳуддини Масъуд кушта шуд. Сабаби қатли ӯро муаррихон натиҷаи ифрот ва фасод донистаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Петрушевский И. П., Земледелие и аграрные отношения в Иране XIII—XIV вв. М. — Л.; 1960;
  • Петрушевский И. П., Наҳзати Сарбадорони Хуросон. Тарҷумаи Карими Кишоварз, Т., 1351.