Абдурраҳмони Офтобчӣ

Абдурраҳмони Офтобчӣ (саннаи тав. ва вафот номаълум) яке аз роҳбарони шӯриши халқии солҳои 18731876 дар хонии Хӯқанд.

Абдурраҳмони Офтобчӣ
роҳбари шӯриш

Зиндагинома

вироиш

Абдурраҳмони Офтобачиро аввалҳо Худоёрхон ба вазифаи офтобачии дарбор (дар замони пеш ин вазифа обдор, дастархондор ва амсоли инҳо ном дошт) таъйин карда буд. Апрели 1873 дар навоҳии ҷанубу шарқии хонии Хӯқанд бо роҳбарии Муллоисҳоқ (маъруф ба Пӯлодхон) шӯриши халқӣ сар зад ва пас аз ду моҳ Худоёрхон Абдурраҳмони Офтобачиро бо сипоҳиён барои пахш намудани шӯриш фиристод, вале Абдурраҳмони Офтобачи бо тамоми сипоҳиёнаш ба тарафи шӯришгарон гузашт. Мутобиқи ҳадси муҳаққиқон Худоёрхон падари Абдурраҳмони Офтобачиро қатл карда будааст ва ин амал қасос аз Худоёрхон қаламдод мешавад. Пас аз чанде барои расидан ба тавофуқ ва амн Абдурраҳмони Офтобачи аз фаъолони шӯриш 40 нафар вакилро ба назди Худоёрхон фиристод, вале ӯ ҳамаи вакилонро қатл намуд. Пас аз ин воқеа шӯриш вусъат ёфт; шӯришчиён ӯш, Намангон, Андиҷон, Ассакӣ ва Олтинариқро тасарруф намуданд. Писари хурдии Худоёрхон – Муҳаммадаминбек низ ба шӯришчиён пайваст. Худоёрхон ба вазъияти ногувор афтода, аз генерал-губернатори Туркистон мадад хост. 22 июли 1875 байни лашкари хон ва шӯришчиён задухӯрди шадиде ба амал омада, Худоёрхон шикаст хӯрд ва бо наздиконаш аз тариқи Хӯқанд вориди Тошканд шуда, худро тобеи ҳукумати Россия намуд. Ҳокими Хӯқанд Насриддинбек – писари калонии Худоёрхон хони Хӯқанд эълон гардид. Вале шӯришчиён пайваста зидди хони Хӯқанд ва қувваҳои низомии русӣ мубориза мебурданд. Оқибат январи 1875 Абдурраҳмони Офтобачи ба генерал-губернатори Туркистон таслим ва зери маъмурияти Россия паноҳанда шуд. Феврали 1876 қувваҳои низомии генерал-губернатори Туркистон ин шӯришро саркӯб карданд ва хонии Қӯқанд низ аз байн рафт.

Сарчашма

вироиш