Абдурраҳмон Мустаҷири Самарқандӣ

Абдурраҳмони Самарқандӣ (Мирзо Мулло Абдураҳмон ибни Муҳаммадлатиф Мустаҷири Самарқандӣ; қарни XIX) — сайёҳ, мутарҷим, роҳбалад ва ҳамкори олимони рус дар омӯзиши этнография ва географияи Осиёи Миёна.

Абдурраҳмони Самарқандӣ
Мирзо Мулло Абдураҳмон ибни Муҳаммадлатиф Мустаҷири Самарқандӣ

Зиндагинома

вироиш

Абдурраҳмони Самарқандӣ аслан тарҷумон ва роҳбалади шарқшинос ва географи рус А. Л. Кун дар Экспедитсияи Искандаркӯл (1870) дар болооби дарёи Зарафшон (аз ноҳияи Панҷакент то деҳаи Палдорики навоҳии Кӯҳистони Мастчоҳ ва водии дарёи Яғноб буд. Хотироташро бо номи «Рӯзномаи сафари Искандаркӯл» (аз 25 апрел то 27 июни 1870) таълиф намудааст, ки он барои омӯхтани таърих, забон, расму ойини халқҳои Осиёи Миёна, хусусан халқи тоҷик арзиши муҳими илмӣ дорад. Абдурраҳмони Самарқандӣ ба Бухоро, Шаҳрисабз, Хева низ сафар карда хотироташро навиштааст. Дар сафарномаи туркистониаш (1873) дар бораи кӯчидани баъзе қабилаҳо ва ба Хоразм омадани туркманҳо, маълумоти арзишманд додааст. ӯ соли 1872 баъди тамошои Намоишгоҳи политехникии Москва хотироташро ба унвони «Рӯзномаи виставкаи Маскоб» таълиф кардааст.

Адабиёт

вироиш
  • Шаҳриёри Нақавӣ, Фарҳангнависии форсӣ дар Ҳинду Покистон, Т., 1341 ҳ. ш.