Абдурраҳмон Форис

сиёсатмадори алҷазоирӣ

Абдурраҳмон Форис (ар. عبد الرحمان فارس‎) — арбоби давлатӣ ва сиёсии Алҷазоир. Дар соли 1962 вай ба ҳайси президенти Шӯрои муваққатии Алҷазоир иҷрои вазифа намуд.

Абдурраҳмон Форис
фр. Abderrahmane Farès
ар. عبد الرحمن فارس
3 июли 1962 — 20 сентябри 1962
Пешгузашта вазифа таъсис ёфт
Ҷонишин Фарҳод Аббос (чун Раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир)
Таваллуд 30 январ 1911(1911-01-30)[1]
Даргузашт 13 май 1991(1991-05-13)[1] (80 сол)
Фарзандон Nabile Farès[d]
Ҳизб
Эътиқод ислом
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

30 январи соли 1911 дар шаҳри Амалу дар Алҷазоир таваллуд шудааст. Падару модари ӯ аз Қабилия буданд ва тарзи ҳаёти хоксорона доштанд. Абдурраҳмон Форис факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Алҷазоирро хатм карда, ба ҳайси нотариус кор кардааст. Сипас ӯ дар Алҷазоири Фаронса дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Пас аз сар шудани ҷанг барои истиқлоли Алҷазоир, Абдурраҳмон ба Фронти Миллии Озодкунӣ пайваст ва аз 3 июл то 20 сентябри соли 1962 ба ҳайси Президенти Шӯрои муваққатии иҷроияи Алҷазоир хидмат кард.[2]

Пас аз пирӯзии Алҷазоир дар ҷанги истиқлол, Абдурраҳмон Форис бо сарвазири аввалини кишвар Аҳмад бин Белла вориди муноқиша шуд. Абдурраҳмон Форис аз вазифаи президенти Шӯрои муваққатии Алҷазоир барканор карда шуд. Дар моҳи июли соли 1964, ӯро дар канори ҷанубии Алҷазоир ба ҳабси хонагӣ равон карданд. Дар моҳи июни соли 1965, президент Аҳмад бин Белла ӯро афв намуд. Пас аз раҳоӣ, Абдурраҳмон Форис аз фаъолияти сиёсӣ истеъфо дод ва ба кори нотариус баргашт. Вай 13 майи соли 1991 дар Земмурӣ вафот кардааст [3].