Абдусалим Маҳмадмуродов

Маҳмадмуродов Абдусалим (тав. 1.07.1946, деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакент), кимиёшинос, номзади илмҳои химия (1976), дотсент (1988).

Абдусалим Маҳмадмуродов

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1964–1969 дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил кардааст. Солҳои 1969–1972 ходими хурди илмии Институти химияи АИ ҶТ, 1972–1975 аспиранти Донишкадаи технологии БелоРоссия (ш. Минск), 1976–1988 ходими илмӣ ва ходими калони илмии Институти химияи АИ ҶТ буд. Ҳамзамон солҳои 1982–1985 ҳамчун раиси Шӯрои олимони ҷавони институти номбурда кор кардааст. Соли 1986 курси такмили ихтисосро дар Институти кинетика ва катализи Шуъбаи сибирии АИ ИҶШС (ш. Новосибирск) гузаштааст. Солҳои 1987–1998 ҳамчун дотсент, 1998–2001 мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии донишгоҳи омӯзгорӣ кор кардааст. Солҳои 1988–2010 ҳамчун сардори секори илмӣ- тадқиқотӣ ва аз 2001 ҳамчун муаллими ҳамкори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ фаъолият дошт. Ҳамзамон котиби масъули маҷаллаи илмии «Паёми донишгоҳи омӯзгорӣ» буд. Аз соли 2001 то ба имрӯз ҳамчун муовини сардори шуъбаи таълим ва мудири шуъбаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи иқтисодии Тоҷикистон кор карда, айни ҳол сармутахассиси шуъбаи таъмини стандартҳои давлатии таҳсилоти донишкадаи мазкур мебошад. Оид ба тадқиқоти термодинамикии себромидҳои унсурҳои нодири заминӣ кори илмӣ бурдааст. Тадқиқотҳои ӯ имконият доданд, ки чиҳати истифодабарии энергияи офтоб як қатор усулҳои навин кор карда шаванд. Қисме аз ин кашфиётҳо ҳамчун ихтирооти нодир бо шаҳодатномаи муаллифӣ сарфароз карда шуда, ба дасти чоп расиданд. Ӯ муаллифи 3 дастури таълимӣ, 3 ихтирооти илмӣ ва зиёда аз 100 мақолаву воситаҳои таълимию методӣ мебошад. Аксари мақолаҳои илмияш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмӣ, аз қабили «Химияи физикавӣ», «Технологияи химиявӣ», «Кинетика ва катализ» нашр шуда, дар миқёси собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва берун аз ҳудуди он дастраси мутахассисони соҳаи химия гардидаанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои хидматҳояш дар соҳаи илм ва таълим бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1993) ва ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шудааст.

Ҳалли масъалаҳо аз химияи маҳлулҳо, Д., 1991; Мувозинати фазагӣ ва химияи барқӣ, Д., 1992; Маҷмӯи масъалаҳо аз химияи физикӣ, Д., 1993; Муайянкунии ҳосили зарби ҳалшавандагии фториди иттрий // Доклады АН РТ, 1972, №9; Давление насыщенного пара при бромидов иттрия и гольмия // Химия и химическая технология, Минск, 1975, №9; Давление насыщенного пара при бромидов лантана, серия, празеодимии и неодима // Журн. Физическая химия, М., 1975. №7, 9; Давление насыщенного пара при бромидов иттрия и гольмия // Журн. Физическая химия, М., 1975, №8; Давление насыщенного пара редкоземельных элементов и иттрии // Журн. Физическая химия, М., 1975, № 10; Тензометрическое исследование диокситетрахлормодата и калий // Доклады АН РТ, 1979, №10.

Пайвандҳо

вироиш