Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазорáти маори́ф ва илми Ҷумҳури́и Тоҷикистóн — мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои таҳия ва тат­биқи сиёсати давлатӣ ва батанзимдарории меъёрҳои ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи маориф масъул аст. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

(ВМИ ҶТ)
нишона
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.jpg
Бинои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти пешина

Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон
Комиссариати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон
Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон
Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мудирияти фаъолиятҳо амал мекунад

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қароргоҳ

Душанбе, кӯч. Нисормуҳаммад, 13а
734024

Вазири масъул

Имомзода М.С

Сайт

maorif.tj

ВазифаҳоВироиш

Вазифаҳои асосии вазорат:

  • фароҳам овардани фазои меъёрӣ-ҳуқуқӣ барои фаъолияти муназзами муассисаҳои таълимӣ;
  • таълиму тарбияи мутахассисони соҳаи маориф;
  • ба таҳсил фаро гирифтани бачагони синни мактабӣ.

ТаърихВироиш

Мақолаи асосӣ: Маориф дар Тоҷикистон

14 декабри 1924 Комиссариати маорифи халқи ҶХШС Тоҷикистон ташкил гардид, ки он 11 феврали 1925 дар шаҳри Душанбе ба фаъолият шурӯъ намуд. Комиссариати маорифи халқ баъд ба Вазорати маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон (1946–78: 1988–92), Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси ҶШС Тоҷикистон (1978–88) табдили ном кард. Соли 1992 Вазорати аорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ном гирифт. 19 ноябри соли 2013 Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд ва муқаррар гардидд, ки вазифаҳои пешбурди сиёсати илм аз доираи ваколатҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шуда, ба Вазорати мазкур вогузор гарданд[1].

СохторВироиш

Сохтори Вазорат:
  • Роҳбарият (вазир ва 4 муовин);
  • Раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ;
  • Раёсати таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ;
  • Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ;
  • Раёсати кадрҳо, корҳои махсус;
  • Раёсати баҳисобгирии бухгалтерӣ ва ҳисоботи молиявӣ;
  • Раёсати иқтисод ва банақшанирӣ;
  • Раёсати илм ва иноватсия;
  • Раёсати муносибатҳои байналмилалӣ;
  • Шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва фаъолияти истеҳсолӣ;
  • Шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф;
  • Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот;
  • Шуъбаи назорати дохилии ҳуҷҷатҳо ва бойгонӣ;
  • Шуъбаи маркетинг, моликият ва хариди давлатӣ;
  • Шуъбаи аудити дохилӣ;
  • Шуъбаи таҳияи сиёсат дар соҳаи маориф;
  • Бахши маъмурият ва корҳои ташкилӣ;
  • Бахши муассисаҳои интернетӣ ва таҳсилоти иловагӣ;
  • Бахши рушди барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ;
  • Бахши инвеститсия.
Муассисаҳои тобеи вазорат:
  • Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;
  • Раёсати сохтмони асосӣ;
  • Академияи таҳсилоти Тоҷикистон;
  • Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогӣ;
  • Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф;
  • Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ;
  • Маркази ҷумҳуриявии корҳои тарбиявии беруназмактабӣ;
  • Маркази барномаҳои байналмилалӣ;
  • Маркази миллии тестӣ;
  • Матбааи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Маҷаллаи «Маърифати омӯзгор»;
  • Нашрияи «Омӯзгор»;
  • Маҷаллаи «Русский язык и литература в школах Таджикистана»;
  • Маҷаллаи «Маорифи Тоҷикистон»;
  • Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна (Бонки исломии рушд);
  • Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия;
  • Маркази ҷумҳуриявии кор бо мактаббачагони шоиста.

Роҳбарони собиқи вазоратВироиш

Вазирони вазорат: Аббос Алиев (1924–27), Нисормуҳаммадов Юсуфзиё Афғон (1927–29, 1930–32), Масаидов М. М. (1929–30), Носиров С. Т. (1932–34), Абдинов К. (1934–36), Ҳасанов С. Ф. (1936–37), Ниёзов М. (1937–38), Пуладов Т. П. (1938–42, 1954–62), Солеҳбоев Ҳ. Ҳ. (1942–43), Содиқов Ҳ. У. (1943–47), Неъматуллоев Ҳ. (1947–54), Осимов М. С. (1962–63), Юсуфбеков Р. (1963–74), Додобоев Р. Д. (1974–86), Давлатқадамов Х. (1978–84), Рашидов А. Р. (1986–88), Назаров Т. Н. (1988–89), Давлатов И. Д. (1990–92), Вазиров З. В. (1992–92), Додхудоева Б. Д. (1992–94), Иноятова М. А. (1994–2000), Сафаралӣ Раҷабов (2000–05), Абдуҷаббор Раҳмонов (2005–12), Нуриддин Саидов (аз 2012).

ЭзоҳВироиш

Ҳамчунин нигаредВироиш

ПайвандҳоВироиш

  • maorif.tj — сайти расмии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон(тоҷ.)(рус.)(англ.)

СарчашмаВироиш