Абдусалом Валиев (тав. 05.01.1947, д. Унҷии н. Хуҷанд, ваф. 09.06.2021, ш. Душанбе) — таърихнигор, мардумшинос, доктори илмҳои таърих (2020). дотсент (2003). Аълочии матбуоти Иттиҳоди шуравӣ (1989), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003).

Абдусалом Валиев
Абдусалом Валиев
Таърихи таваллуд 5 январ 1947(1947-01-05)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров
Таърихи даргузашт 9 июн 2021(2021-06-09) (74 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ таърих
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои таърих
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Ҷоизаҳо Аълочии матбуоти Иттиҳоди шуравӣ (1989), Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003)

Зиндагинома

вироиш

Абдусалом Валиев Донишкадаи давлатиии омӯзгории Ленинобод-ро хатм намудааст (1968).

  • Солҳои 1968-1969 – омӯзгори фанҳои таърих ва ҷомеашиносии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Деваштич,
  • 1969-1975 – муҳаррир, муҳаррири калони редаксияи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шуравии тоҷик,
  • 1975- 1977 – аспиранти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ Тоҷикистон, аспиранти кафедраи мардумшиносии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов буд.
  • 1975-1994 – муҳаррири калони илмӣ, мудири редаксияи таърихи сарредаксияи илмии Энсиклопедияи шуравии тоҷик,
  • 1994- 1997 – муаллими калони кафедраи таърихи дунёи қадим ва асрҳои миёнаи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон,
  • 1998-2001 – муаллими калони кафедраи таърихи умумӣ ва ҷонишини декани факултети таъриху ҳуқуқ, таъриху муносибатҳои байналхалқии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон
  • 2001-2012 – декани факултети таъриху муносибатҳои байналхалқӣ, сипас сардори сарраёсати таълимию методии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
  • Аз соли 2013 – дотсенти кафедраи таърихи умумии Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон.
  • Аз 2017 ба сифати ҳамкор дотсенти кафедраҳои таърихи умумӣ ва методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ буд.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Тадқиқоти А. Валиев ба масъалаҳои таърих, таърихи маданият ва мардумшиносии халқи тоҷик бахшида шудаанд. Соли 1999 дар мавзуи «Мардумшиносии таърихии тоҷикон дар асрҳои ХI-ХV (дар асоси сарчашмаҳои хаттии асрҳои ХI-ХV)» рисолаи номзадӣ ва соли 2020 дар мавзуи «Инъикоси мардумшиносии халқи тоҷик дар асарҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус (асри Х1Х – аввали асри ХХ)» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Ҳамчун тарҷумон як силисила асару китобҳои дарсиро аз русӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст. Дар тарҷума ва нашри асари академик Б. Ғафуров «Тоҷикон» фаъолона ширкат варзидааст. Ӯ иштирокчии як қатор конференсияҳои байналхалқӣ, аз ҷумла конференсияҳои илмии «Хуҷанд-Ленинобод дар тақдири таърихии халқҳои Осиёи Миёна (Хуҷанд, 1986); «Мақоми Россия дар ташаккули давлатдории тоҷикон» (Д., 2000); «Роҳи бузурги абрешим пайвандгари тамаддунҳо» (Ҳиндустон, 2008) ва ғ. мебошад.[1]

  • Абдухамид Джалилович Джалилов. Д., 1996 (ҳаммуаалиф);
  • Мансур Бабаханович Бабаханов. Д., 2001;
  • Профессору Абдухамиду Джалилову 80 лет. Д., 2006 (в соавт.);
  • Общепризнный учений и педагог. К юбилею профессора М. Б. Бабаханова. Д., 2011 (в соавт.);
  • Этнографическое изучение таджиков в первой половине ХIХ века. Д., 2013;
  • Этнографическое изучение таджиков Центральной Азии в новейшее время (1920-2017 гг.). Д., 2018;
  • История древнего Востока. – Д., 2018 (в соавт.);
  • Этнография. Д., 2018 (в соавт.);
  • Археология. Д., 2018 (в соавт.);
  • История древней Греции. Д., 2019.

Адабиёт дар бораи А. Валиев

вироиш
  • «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
  • Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016.

Ҳамчунин нигаред

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ