Ноҳияи Деваштич
Ноҳияи Деваштич (форсӣ: ناحیۀ دوشتچ) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Суғд аст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳия номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.[3]. Маркази ин ноҳия шаҳраки Ғончӣ (форсӣ: غانچی) аст. Аҳолӣ 154 300 тан, асосан тоҷикҳо ва ӯзбекҳо. Масоҳат — 1588,7 км². Маркази ноҳия 66 км ҷанубтар аз шаҳри Хуҷанд ва 263 км дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир аст.
Ноҳияи маъмурӣ | |
Ноҳияи Деваштич | |
39°57′32″ с. ш. 69°08′13″ в. д.HGЯO | |
Кишвар | Тоҷикистон |
Тобеъи | Вилояти Суғд |
Шомили | 1 шаҳрак, 7 ҷамоат |
Маркази маъмурӣ | Ғончӣ |
Таърих ва ҷуғрофиё | |
Таърихи таъсис | 5 декабри 1929 |
Масоҳат | 1588,7 км² км² |
Вақти минтақавӣ | UTC+05:00 |
Аҳолӣ | |
Аҳолӣ | 182100[2] нафар (2022) |
Миллият | тоҷикон ӯзбекон |
Мазҳаб | мусулмонон-сунниҳо |
Забони расмӣ | тоҷикӣ |
Шиносаҳои ададӣ | |
Сарвожа | GA |
Рамзи ISO 3166-2 | TJ.SU.GA |
Коди телефон | +992 3464 |
Нишонаи почта | 735620 |
Домени интернет | tj |
Коди мошинҳо | 02 TJ |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ҷойгоҳ
вироишНоҳияи Деваштич бо сарзамине 1588,7 км² дар миёни кӯҳсори Туркистон ва водии Фарғона ҷой дорад. Дар шимол бо ноҳияҳои ноҳияи Зафаробод ва ноҳияи Спитаман, дар ғарб бо ноҳияҳои ноҳияи Истаравшан ва ноҳияи Шаҳристон, дар ҷануб бо ноҳияҳои ноҳияи Айнӣ ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз бахшҳои вилояти Суғд ҳамсоя ва дар шарқ бо ноҳияи Лайлак аз бахшҳои вилояти Бодканди Қирғизистон ҳаммарз аст.
Иқлим
вироишТаърих
вироишИн ноҳия 5 декабри 1929 дар бахше аз вилояти Хуҷанд дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дар тӯли мавҷудияти худ ин ноҳия ду бор бо ноҳияи Истаравшан муттаҳид ва ҷудо шудааст. Собиқ ноҳияи Ғончӣ 3 марти соли 2016 дар асоси Қарори Маҷлиси Миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон (№ 204) номашро ба ноҳияи Деваштич иваз намудааст.
Мардум
вироишМардуми ноҳияи Деваштич ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ сухан мегӯянд. Бар пояи омори соли 2015, ноҳияи Деваштич 154 300 тан ҷамъият дошт[4].
сол | 2014 | 2015 | 2019 | 2020 |
---|---|---|---|---|
шумора (ҳаз. нафар) |
150,5 | ↗154,3 | ↗169,6 | ↗173,5 |
Бахшбандӣ
вироишБар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Деваштич 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад[5]:
Ҷамоатҳои ноҳияи Деваштич [6] | |||||||||||
Ҷамоат | Аҳолӣ | ||||||||||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|---|
Ғончӣ, шаҳрак | 10502 | ||||||||||
Далёни боло | 16298 | ||||||||||
Ғазантарак | 13359 | ||||||||||
Исмоили Сомонӣ | 9839 | ||||||||||
Муҷун | 18194 | ||||||||||
Ваҳдат | 23407 | ||||||||||
Росровут | 11530 | ||||||||||
Яхтан | 10621 |
Ҳукумат
вироишСарвари ноҳияи Деваштич Раиси Ҳукумати он аст, ки вайро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Деваштич Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Деваштич барои 5 сол интихоб мекунанд.
Иқтисод
вироишНоҳияи Деваштич 5 корхонаи саноатӣ, 564 хоҷагии кишоварзӣ, аз ҷумла 514 хоҷагии деҳқонӣ дорад. Ҳаҷми умумии заминҳои корами ноҳия 43 142 га, аз ҷумла 14 228 га замини обӣ аст. Маҳсули аслии кишоварзии ноҳия сабзавот, ғалла ва качолу аст.
Маориф ва фарҳанг
вироишИн зерсаҳифа ҳанӯз нонавишта аст. Мувофиқи фикри яке аз корбарони Википедиа, дар ин ҷо бояд мавзӯъи хусусии зерсаҳифа бошад. Шумо метавонед кӯмак расонед ва ин зерсаҳифаро эҷод кунед. |
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 https://web.archive.org/web/20221010195817/https://stat.tj/storage//1.01.2022.pdf
- ↑ Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 19 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
- ↑ Переименование 10 городов и районов, а также Кайраккумского водохранилища
- ↑ Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2015 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 июли 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
- ↑ Феҳристи ҷамоатҳо. UN Coordination, Tajikistan. 29 марти 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 феврали 2012.
- ↑ http://www.gonchi.tj/tj/jamoatho/47-2012-10-14-12-03-26 Бойгонӣ шудааст 20 августи 2016 сол. jamoatho Ҷамоатҳо