Абдусалом Рабиев (3 августи 1930, деҳаи Чорбоғ, ноҳияи Ленин) — бинокор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1963).

Абдусалом Рабиев
Иттилооти асосӣ

Зиндагинома вироиш

Баъди адои хизмати ҳарбӣ донишҷӯи Омӯзишгоҳи Чиптура (1951—1954), тракторчии Стансияи мошину трактори Варзоби ВХҚ-и РСС Тоҷикистон (1955—1956), коргари «Горстрой- трест» (1956—1957), бетонрези Управленияи сохтмону монтажи № 2, сардори бригадаи Управленияи механизатсияи сохтмони трести «Душанбестрой» (1962—1965) ва Управленияи сохтмоии № 25-и трести «Тоҷикстройспетсмеханизатсия» (1965—1976), аз соли 1976 коргари Управленияи «Тоҷикучпедместснаб»-и Главснаби РСС Тоҷикистон. Дар сохтмони биноҳои калони шаҳри Душанбе (комплекси аэропорт, меҳмонхонаи «Душанбе», ресторани «Полёт» ва ғайра) саҳми арзанда гузоштааст.

Депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон (даъватҳои 5—6).

Нишону ҷоизаҳо вироиш

Бо ордени Ленин, медалҳо, Грамо­таи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Рабиев Абдусалом // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).