Абдусалом Самадов
Абдусалом Самадов (7 июни 1955, ноҳияи Самарқанд — 6 августи 2021, ноҳияи Самарқанд) — адабиётшинос, номзади илмҳои филологя, дотсент, узви Иттиҳоди эҷодии журналистони Узбакистон. Академики Академияи илмҳои «Турон»[1].
Таърихи таваллуд | 7 июн 1955 |
---|---|
Зодгоҳ | маҳаллаи Боғимайдон, ноҳияи Самарқанд, ҶШС Узбакистон, ИҶШС |
Таърихи даргузашт | 6 август 2021 (66 сол) |
Кишвар | Ӯзбекистон |
Фазои илмӣ | филология |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Самарқанд |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Зиндагинома
вироишАбдусалом Самадов 7 июни[2] соли 1955 дар маҳаллаи Боғимайдони ноҳияи Самарқанд дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи рақами 25 соли 1972, ба факултаи филологияи ӯзбек ва тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд дохил шуда, соли 1977 онро хатм кардааст.
Корнома
вироишСолҳои 1977—1980 фаъолияти меҳнатиашро ба ҳайси корманди адабӣ, тарҷумон ва хабарнигори махсуси рӯзномаи онвақтаи «Ҳақиқати Узбакистон» (ҳоло «Овози тоҷик») оғоз кардааст.
Соли 1985 дар Шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамоҳангии диалектикаи миллӣ ва байналмилалӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода» рисолаи номзадии хешро таҳти роҳбарии доктори фанҳои филологӣ, профессор Раҳим Муқимов бомуваффақият дифоъ кардааст.
Солҳои зиёд дар донишгоҳ ба ҳайси мудири кафедраи адабиёти тоҷик, ҷонишини декан оид ба корҳои таълим, декани факултаи филологияи тоҷик кор ва фаолият нишон дод. Устод Абдусалом Самадов тамоми умри худро ба омӯзиши муҳимтарин паҳлӯҳои равобити адабии ӯзбеку тоҷик, ҷанбаъҳои муҳими рӯзмарраи адабиёти халқҳои ҳамдӯстӣ, омӯзиши масоили мубрамтарини адабиёти муосир ва назарияи адабиёт бахшида буд.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз 15 монография ва рисолаҳои илмӣ, тақрибан 20 китоби дарсӣ ва дастурҳо ва 300 мақолаи илмӣ-оммавӣ буд
Даргузашт
вироишАбдусалом Самадов 6 августи соли 2021 одаргузашт[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Светлая и вечная память(рус.). Телерадиокомпания СТВ. 7 июни 2022 санҷида шуд.
- ↑ Ҳама номи некӣ бувад ёдгор.
- ↑ Абдусалом Самадов аз олам даргузашт. 7 июни 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 28 апрели 2022.