Абдусамадбеки Ҳофиз
Абдуссамадбеки Ҳофиз (1868, Бухоро — 1918, ҳамон ҷо) — мусиқидон, хонанда, хушнавис ва мусаввири тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1868 |
---|---|
Зодгоҳ | Бухоро |
Таърихи даргузашт | 1918 |
Пеша(ҳо) | навозанда, овозхон |
Зиндагином
вироишАбдусамадбеки Ҳофиз асосҳои илмӣ, назарӣ ва амалии мусиқиро аз Қорӣ Каромати Дилкаши Танбӯрӣ, Ҳомидхоҷаи Савтӣ ва тарзу услуби иҷрои сурудҳои халқиро аз Устод Тӯла, Устод Эргаш ва дастаи созандагону маврихонон омӯхтааст. Ӯ махсусан дар иҷрои қисматҳои созиву овозии «Шашмақом» маҳорати том зоҳир намудааст.
Қисмҳои мураккаби «Савт», «Намуд», «Талқин» ва «Тарона»-ҳоро ба сабки тоза иҷро мекард, ки ба ин муносибат аҳли мусиқӣ ӯро «Абдуссамадбеки Савтӣ» ном ниҳодаанд Абдусамадбеки Ҳофиз аз «Шашмақом» «Муғулчаи Дугоҳ», «Дугоҳ», «Баёт», «Савти Сарвиноз», «Уфари Ороми ҷон», «Ироқи Бухоро», «Сақили Султон» ва шӯъбаи мураккаби созиву овозии «Бузург»-ро ниҳоят моҳирона ичро мекардааст.
Сарояндагони машҳури тоҷик (махсусан Домулло Ҳалим, Шодӣ Азизов, Бобоқул Файзуллоев, Шоҳназар Соҳибов) аз сабки ӯ истифода кардаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Абдусамадбеки Ҳофиз // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.