Абдухалил Ғафурзода
доктори илмҳои ҳуқуқ профессор, Дорандаи медали «90-солагии мақомоти судӣ ва адлия» (2019)
Абдухалил Давлатали Ғафурзода (тав. 09.06.1977) – олим, доктори илмҳои ҳуқуқ профессор, Дорандаи медали «90-солагии мақомоти судӣ ва адлия» (2019); Медали «Хидмати шоиста» (2018), барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва технология барои олимони ҷавон (2007); Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Абдухалил Давлатали Ғафурзода | |
Таърихи таваллуд | 9 июн 1977 (47 сол) |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | ҳуқуқшиносӣ |
Ҷойҳои кор | Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо | Медали «Хидмати шоиста», Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва технология барои олимони ҷавон (2007). |
Зиндагинома
вироиш- Солҳои 1993-1998 – донишҷӯи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 1998-2000 – ассистенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2000-2003 – аспиранти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2003-2007 – муаллими калон, дотсенти кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2007-2009 – муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2009-2012 – докторанти факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2012-2015 – мудири кафедраи ҳуқуқи нақлиёт ва ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Солҳои 2015-2019 – директори Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
- Аз 22.01.2019 то ҳол – Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон[1][2]
Фаъолияти илмӣ
вироишСамти фаъолияти илмӣ: ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ; ҳуқуқи молия; ҳуқуқи андоз. Муаллифи 11 китоби дарсӣ, зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ, барномаҳои таълимӣ, шарҳи қонунҳо ва 5 монография.[3]
Мукофот ва ҷоизаҳо
вироиш- Медали 90-солагии мақомоти судӣ ва адлия ( 2019);
- Медали «Хидмати шоиста»(2018).
- Лауреати Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соҳаи илм ва технология барои олимони ҷавон (2007);
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.[4][5]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Ғафурзода Абдухалил Давлатали. 12 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2023.
- ↑ ректор Ғафурзода Абдухалил Давлатали. 12 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2023.
- ↑ Ғафурзода Абдухалил Давлатали. 12 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2023.
- ↑ Ғафурзода Абдухалил Давлатали. 12 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2023.
- ↑ ректор Ғафурзода Абдухалил Давлатали. 12 августи 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2023.