Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — муассисаи таҳсилоти олии касби ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаи таълимӣ, корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номҳои қаблӣ Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таъсисёбӣ 2013
Навъ муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ
Ректор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ
Мавқеъ хиёбони Рӯдакӣ, Душанбе,  Тоҷикистон
Сайт apa.tj

Таърих

вироиш

Муасиссиаи таълимӣ соли 2013 бо номи «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис ёфтааст. Соли 2013-2015 аввалин ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» доктори илмҳои таърих, профессор Абдулҳаким Розиқзода будааст.[1]

Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олии таълимию илмии давлатӣ дар кишвар мебошад, ки муассиси он Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Самти фаъолияти он ба тайёр кардани кадрҳои соҳаи идоракунии давлатӣ, хизмати давлатӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ равона гардидааст.

Дар Донишкада факултетҳои идоракунии давлатӣ, муносибатҳои байналмилалӣ амал менамоянд, ки аз рӯйи ихтисосҳои “идоракунии давлатӣ”, “идоракунии давлатии иқтисодиёт”, “идоракунии ҳайати кадрӣ”, “муносибатҳои байналмилалӣ” ва “амнияти иттилоотӣ” дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот барои мақомоти давлатӣ кадр тайёр мекунанд.

Дар Донишкадаи идоракунии давлатӣ дар соли таҳсили 2018-2019 1214 нафар дар бакалавриат, 277 нафар дар магистратура, 737 нафар дар таҳсилоти дуюм, 339 нафар дар таҳсилоти фосилавӣ ва дар маҷмуъ 2 567 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. То соли 2018 магистратураро зиёда аз 620 нафар хизматчиёни давлатӣ хатм намудаанд. Дар соли таҳсили 2018-2019 Донишкадаро 352 нафар донишҷӯёну магистрантон хатм намуданд, ки аз ин 34 нафар соҳиби дипломи аъло ва 318 нафар соҳиби дипломи муқаррарӣ гардиданд.

Дар Донишкада ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар курсҳои азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, таҳсилоти дуюми олии касбӣ ва магистратураю бакалавриат 172 нафар устодону омӯзгорон, аз ҷумла 23 нафар докторони илм, профессорон, 62 нафар номзадҳои илм, дотсентон ҷалб карда шудаанд. Бинои Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 оғоз гардида, аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст. 1 сентябри соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои маъмурию таълимӣ, меҳмонхона ва хобгоҳи замонавии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд. Иншооти таълимии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-ошёна аз 2 қисм маъмурию таълимӣ ва хобгоҳ иборат аст. Он барои 1320 нафар донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст. [2]

Сохтор

вироиш

Факултаҳо

вироиш
  1. Идоракунии давлатӣ
  2. Дипломатия ва сиёсат
  3. Таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми касбӣ

Академия барои таъминоти кадрии мақомоти соҳаи давлатӣ аз рӯи 26 ихтисос дар зинаҳои бакалавриат, магистратура ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутахассисонро омода месозад. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатӣ аз рӯйи ихтисоси “Идораи давлатӣ” ба омӯзиши яксола ва шахсоне, ки дипломи зинаи бакалавр ва ё мутахассис доранд, ба муҳлати ду сол аз рӯйи 10 ихтисос ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.[3]

Пайвандҳо

вироиш