Абдухолиқӣ
Абдухолиқӣ — навъе аз зардолуҳои маҳаллӣ. Дарахташ зудсабз (7 – 11 м қад мекашад), сершоху барг (қутри пояаш 130 см), навдаҳояш ғафси сурхчасри баргаш дилшакли нӯгтез, дандонадор, сабзи баланд. Аввали апрел гул карда, мевааш охири июл мепазад. Мевааш калон-калон (вазнаш андаряк 40 – 45 г), байзашакл, зарди кушод (тобиши сурхча дорад), пӯсташ нафису пашмакдор, гӯшташ хамираки сершира ва хуштамъ; донакаш калон, паҳн, пурра, мағзаш ширин. Дарахташ дарозумр буда, 90 – 110 сол месабзад. Аз як бехи 95-солааш 68 кг мева ғундоштан мумкин аст. Ҳосилашро тар мехӯранд, мехушконанд ва аштак мекунанд. Дар вақти тайёр кардани аштак донаки зардолуро аз тарафи думчааш бароварда, ба ҷояш мағзи бирён ҷой мекунанд ва ба ресмон ҳамел карда мехушконанд (45 – 47% ғӯлинг ва 27 – 28 % аштак ҳосил мешавад). Абдухолиқӣ дар заминҳои санглоху нишебиҳо хуб месабзад. Асосан дар деҳаи Оббурдани ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ мерӯяд. Дарахтони ҷудогонаашро дар деҳаҳои Реомутк ва Пастиғав низ дучор омадан мумкин. Дарахташ ба сармо ва камобӣ тобовар аст. Бештар аз ҳашарот ва касалиҳои занбӯруғӣ зарар мебинад.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Плодовые Среднего Таджикистана, Л., 1935;
- Костина К. Ф., Абрикос, М., 1936.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.