Абдушукур Назаров
Абдушукур Абдураҳимович Назаров (10.05.1944, ш.Ленинобод) — иқтисоддон, доктори илми иқтисодӣ (1982), узви вобастаи АИ байналхалқии мактабҳои олӣ (1996), профессор. Арбоби шоистаи илм ва техникаи ҶТ (1994), профессори фахрии Донишгоҳи Техас (1995). Ташкилкунанда ва рохбари Маркази тайёркунии коркунони мунитсипалӣ (аз с.1999).[1]
Абдушукур Абдураҳимович Назаров | |
Таърихи таваллуд | 10 май 1944 (80 сол) |
Зодгоҳ | ш.Хуҷанд |
Фазои илмӣ | олим |
Зиндагинома
вироишАбдушукур Назаров шуъбаи кибернетикаи иқтисодии факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносовро хатм кардааст (1972). Рохбари шуъбаи банақшагирии оптимали ва идоракуни, бахши иқтисодиёт ва сотсиологияи кори Пажӯхишгохи иқтисодии АУ ҶШС Тоҷикистон (1972-81), рохбари шуъбаи хосилнокии кори бахши Тоҷикистонии Пажӯхишгохи кумитаи кори Иттифоки Шӯрави дар Душанбе (1981-85), мудири кафедраи менечмент ва информатика, менечмент ва сохибкори, ташкилкунандаи комплекси аудиовизуалии компутарии ДАТ (1985-1998), мудири кафедраи менечмент ва соҳибкории БХДТТ (1998-1999), ходими пешбари илмии Донишкадаи менечмент ва технологияи компутарии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров (аз с.2006). Дар Донишгоҳи Техаси ИМА (1995), дар институти миллии сохибкории Хиндустон (1995), дар Пажуҳишгоҳи миллии сохибкории Ҳиндустон (1995), дар Пажуҳишгоҳи бизнеси миёна ва хурди Туркия (1997, 2002) тачрибаомузи кардааст. Таҳти рохбарии Абдушукур Назаров зиёда аз 10 нафар рисолаи номзади ва докторӣ ҳимоя кардаанд. Муаллифи зиёда аз 150 асари илмӣ ва методию таълими, аз ҷумла 10 монография, 12 дастури таълими аст. Иштироккунандаи як катор конфронсу хамоишҳои байналхалқи (Коллеч-Стейшен-/ИМА, 1995), Дехли, (1995), Анталия, (2003), Маскав, (2007) мебошад. Бо ифтихорномаи Мачлиси Олии ҶТ (1991) мукофотонида шудааст.
Осори илмӣ
вироишТадқиқоти Абдушукур Назаров проблемаҳои менечмент, сохибкори, ҷиҳатҳои иҷтимои-иқтисодии болоравии хосилнокии кор, татбики усулҳои иқтисодию риёзи дар тадқиқоти иқтисоди, тахлил, идоракуни ва такмили низоми мунитсипалиро дар бар мегирад. Многофакторный анализ социальных аспектов повышения производительности труда. -Д.: Дониш, 1975; Методические положения анализа влияния социально-экономических факторов на производительность труда. -Д., 1977; Хосилнокии кор мухимтарин омили самараи истеҳсолот. -Д.: Ирфон. 1978; Социально-экономические факторы роста производительности труда. -Д.: Дониш, 1981; Нормативная чистая продукция в промышленности Таджикистана. ТаджикНИИНТИ. -Д., 1984; Теория анализа хозяйственной деятельности: Учеб.пособие / М-во нар.образования Тадж.гос.донишгоҳ им. В.И.Ленина. -Д., 1989 (в соавт.); Назарияи тахлили иқтисоди: Китоби дарси. -Д., 1991; Муниципальный менеджмент. Учебное пособие. -Худжанд: Сомон, 2004.