Абдушукур Ғаффоров

Абдушукур Одинашоевич Ғаффоров (тав. 30.12.1968, ноҳияи Восеъ), забоншинос, номзади илмҳои педагогӣ (2000), дотсент (2005).

Абдушукур Ғаффоров
Абдушукур Одинашоевич Ғаффоров
Таърихи таваллуд 30 декабр 1968(1968-12-30) (55 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Восеъ, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1986-1993 таҳсил дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб. Солҳои 1993–1994 муаллими кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хисрав, 1994–1997 аспиранти Институти забон ва адабиёт ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1997–1998 котиби Шӯрои илмии Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии АИП Тоҷикистон, 1998–2000 муалими кафедраи забон ва адабиёти синфҳои ибтидоии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев буд. Солҳои 2000–2001 ҳамчун муаллими калони кафедраи методикаи таълими ибтидоӣ, 2001–2007 мудири кафедраи забон ва адабиёти синфҳои ибтидоӣ ва ҳамзамон муовини декани факултети педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба илм, 2007–2008 декани факултети педагогикаи донишгоҳи мазкур фаъолият кардааст. Солҳои 2000–2007 раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣро ба уҳда дошт. Дар конференсияҳои илмии олимони ҷавон дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа ва Душанбе оид ба масъалаҳои илми забоншиносӣ баромад намуда, муҳтавои онҳоро дар маҷмӯаҳои илмии олимони ҷавон ба чоп расонидааст. Солҳои 2008–2010 ҳамчун сардори раёсати таълими Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст ва аз моҳи майи соли 2010 то ба имрӯз муовини ректор оид ба қисми ғоибона мебошад. Солҳои 2005–2010 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе буд ва соли 2010 бори дуюм вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи И. Сомонии ш. Душанбе интихоб гардидааст. Муаллифи зиёда аз 40 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, дастурҳои илмӣ-методӣ, брошюраҳо ва васоити таълимӣ, аз ҷумла «Корҳои контролӣ аз фанни забони адабии ҳозираи тоҷик» (2004), «Ибораҳои феълӣ бо пешояндҳои аслӣ дар «Бадоеъ-ул-вақоеъ»-и Зайниддин Маҳмуди Восифӣ» (2007) мебошад. Барои хидматҳояш дар рушди соҳаи маориф бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005), якчанд раҳматномаву ифтихорномаҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз гардонида шудааст.

Пайвандҳо

вироиш