Абдушшакури Оят

шоири тоҷик

Домулло Абдушшакури Оят (1816 ё 1817[1], Бухоро1889) — шоир ва донишманди тоҷик, Қозикалони Бухоро (1885—1889). Падари Садри Зиё.

Абдушшакури Оят
Таваллуд 1816 ё 1817[1]
Даргузашт 1889
Фарзандон Садри Зиё

Зиндагинома

вироиш

Домулло Абдушшакури Оят соли 1816 дар Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ аз оилаи косибони Бухоро буд, ки бо чармгарӣ ва шустагарӣ машғулият буданд. Домулло Абдушшакур пас аз хатми таҳсили улум дар бузургтарин мадрасаҳои Бухоро мударрис буд. Ба гуфтаи Айнӣ ӯ «аз мутафарридини устодҳои замони худ буда», бисёре аз уламо шогирди ӯ буданд.

Домулло Абдушшакури Оят чандин сол дар баъзе вилоятҳои Бухоро қозӣ ва аз соли 1885 то охири умр қозикалони Бухоро буд.

Супоришҳои дипломатиро ҳам ба ҷо меовард. Оят аз ҷавонӣ зеҳни тез дошта, ба ҷуз илмҳои расмии замонаш, наҳву фалсафаро ҳам хуб медонист.

Шоирӣ

вироиш

Дастнависҳои нодире дар китобхонаи шахсиаш ҷамъ оварда буд. Дар шеър асосан сабки бедилиро паиравӣ мекард. Ашъораш мазмуни ишқӣ ва иҷтимоӣ дорад. Намунаи шеърҳои Оят дар «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Айнӣ оварда шудааст.

  1. 1.0 1.1 узбекская Википедия (ӯзб.) — 2003.

Адабиёт

вироиш
  • Оят Домулло Абдушукур // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).