Атахон Сайфуллоев (1 майи 1933 — 17 марти 2017, Хуҷанд) — адабиётшинос, нависанда, шоир, доктори илмҳои филологӣ (1979), профессор (1983). Ходими шоистаи фарҳанги ҶШС Тоҷикистон, узви Иттифоқи нависандагони ҶШС Тоҷикистон (1963).[1]

Атахон Сайфуллоев
Атахон Сайфуллоев
Таърихи таваллуд 1 май 1933(1933-05-01)
Зодгоҳ Хуҷанд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 17 март 2017(2017-03-17) (83 сол)
Маҳалли даргузашт Хуҷанд, Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ филология
Ҷойҳои кор ДДОЛ ба номи С.М.Киров, Академияи илмҳои Тоҷикистон, Энсиклопедияи советии тоҷик, Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони ҶТ, Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, Шуъбаи суғдии ИН Тоҷикистон
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер ДДОЛ ба номи С.М.Киров
Ҷоизаҳо Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ
Ордени Шараф

Зиндагинома вироиш

Атахон Сайфуллоев факултаи филологияи тоҷики ДДОЛ ба номи С. М. Кировро хатм кардааст (1954). Аспиранти ДДОД ба номи Т. Г. Шевченко (1955—1958), ходими калони илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон (1958—1965), мудири кафедраи адабиёти тоҷики ДДОЛ ба номи С. М. Киров (1965—1968), котиби садорати ИН ҶШС Тоҷикистон (1968-73), докторанти Академияи улуми ҷомеашиносии назди КМ ХКИШ (1973—1975) сармухаррири сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1975-85), ходими пешбар ва сарходими илмии ПЗА АИ ҶШС Тоҷикистон(1985—1989), директори Донишкадаи марказии такмили маҳорати муаллимони ҶТ (1989-90), мудири шуъбаи хамкори бо ташкилотҳои чамъиятию сиёси ва муносибатҳои миллии КМ ХК Тоҷикистон (1990-91), раиси Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон (1991-92), котиби масъули шуъбаи суғдии ИН Тоҷикистон (1993—2002), мудири кафедраи адабиёти муосири тоҷик (аз с.1995), ҳамзамон раиси Шӯрои Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар в. Суғд (1997—2007), муовини раиси Шӯрои мазкур (аз с.2007), сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ, адабӣ ва ҷамъиятии "Паёми Суғд (аз с.2002).

Эҷодиёт вироиш

Муаллифи бештар аз 1000 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла тадқиқотҳои таърихӣ-адабӣ доир ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ, Т.Асирӣ, С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ҳ.Карим, Ҷ.Икромӣ, Р.Ҷалил, А.Шукуҳӣ, Ф.Мухаммадиев, П.Толис ва дигарон, ҳамчунин проблемаи таъсири мутакобилаи адабиётҳои миллиро ба тадқиқ гирифтааст. Яке аз муаллифони асари шашҷилдаи «Таърихи адабиёти шӯравии тоҷик» ва «Таърихи адабиёти сермиллати шӯравӣ» (Маскав), муаллифи повест ва очеркҳои бадеӣ, тарчумони романи С.Баруздин «Такрори дарсҳои гузашта», очеркҳои М.Котов ва тадқиқоти Г.Ломидзе «Оҳанги интернатсионалӣ дар адабиёти шурави» мебошад. Як силсила мақолаҳояш дар Маскав, Киев, Минск, Алмаато, Бишкек, Тошканд ва Афғонистон ба чоп расида, қисме аз онҳо ба забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, испанӣ тарҷума шудаанд. Таҳти рохбарии С. ҳафт нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд.

Осор вироиш

  • Романи устод Садриддин Айни «Дохунда». — Д., 1966;
  • Тафаккур ва образ. — Д., 1968;
  • Меридианы поэзии. — Д., 1971;
  • Мирзо Турсунзода. — Д., 1983;
  • Дӯстии халқҳо — дӯстии адабиётҳо. — Д., 1975;
  • Проблемы взаимодействия литератур. — Д., 1976;
  • В единстве и родстве. — Д., 1989;
  • Президент Эмомали Рахмонов. — М., 2000 (бо хаммуаллиф);
  • Халқаҳои пайванди адабӣ. — Хуҷанд, 2003;
  • Фуруғи маънавият. — Хуҷанд, 2005;
  • Уфуқҳои тозаи наср. — Д., 2006;
  • Ҷону ҷаҳони наср — Хуҷанд, 2009; (дар бораи эҷодиёти Абдулҳамид Самад);
  • Паямбари ишқ — Хуҷанд,2012, (ҳаёт ва эҷодиёти Рӯдакӣ);
  • Аз таърихи андешаи миллии халқи тоҷик дар нимаи дуюми асри XIX ва аввалҳои аср XX — Хуҷанд, 2011(ҳамроҳи Осим Каримов);
  • Оинаи барқади сухан — Хуҷанд, 2013.[2]

Мукофот вироиш

Дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ буда, бо ифтихорномаҳои Раёсати ШО Ҷумҳурии Тоҷикистон, орденҳои Шараф, Дустӣ, медали тилои Кумитаи ҷумҳуриявии сулҳ, медали 10-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон ва ғайра мукофотонида шудааст.

Эзоҳ вироиш