Абдуқаюм Азизов (1902, деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Конибодом — 1962, деҳаи Работи ҳамин ноҳия) — боғбон, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ (1953).

Абдуқаюм Азизов
Таърихи таваллуд 1902(1902)
Зодгоҳ деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Конибодом
Таърихи даргузашт 1962(1962)
Маҳалли даргузашт
Ҷоизаҳо
Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ — 1953
Ордени Ленин Ордени Байрақи Сурхи Меҳнат

Фаъолияти муҳнатӣ

вироиш

Фаъолияти кориашро аз батракӣ (1916) оғоз карда, минбаъд коргари стансияи роҳи оҳани Мелникови Конибодом (1922—1930), коргар (1931 — 35), сардори звенои хоҷагии боғу токпарварии «Шаҳринав» (1936 — 40), иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1943), сардори звено (1944—1952), сардори бригадаи токпарварии колхози «Шаҳринав»-и ноҳияи Ҳисор (1953—1959) ва колхози «Работ»-и ноҳияи Конибодом (1959—1962) буд. Бригадаи Азизов дар боғдорӣ муваффақ шудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ду ордени Ленин, орденҳои Байрақи Сурхи Меҳнат, «Нишони фахрӣ», медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Советии Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

Адабиёт

вироиш
  • Музалевский М. В. Герои Социалистического Труда. Биобиблиографический словарь. — М.: РИЦ «Кавалер», 2008. — Т. 2. — 200 с.

Пайвандҳо

вироиш