Абдуқодир Неъматов

Абдуқодир Неъматов (зод. 15 феврали 1950, деҳаи Гумбулоқи Боло, ноҳияи Файзобод) — физикдон, номзади илмҳои физика-математика (1998), дотсент (1998).

Абдуқодир Неъматов
Таърихи таваллуд 15 феврал 1950(1950-02-15) (74 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ физика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1973—1979 дар факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1979—1982 лаборанти калони кафедраи методикаи таълими физика, 1983—1984 мудири лабораторияҳои кафедраи методикаи таълими физика, 1984—1987 аспирант, 1987—1993 ассистент, 1993—1998 муаллими калони кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Аз соли 1998 ҳамчун дотсенти кафедраи физикаи умумии донишгоҳи омӯзгорӣ фаъолият дорад. Ҳамзамон, солҳои 2005—2009 вазифаи декани факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба уҳда дошт. Аз соли 2009 мудири кафедраи физикаи умумии донишгоҳи омӯзгорӣ мебошад. Оид ба таъсири макромолекулаҳои полимерӣ ба интиқоли гармои маҳлулкунандаҳо дар фишор ва ҳароратҳои баланд, инчунин дигар масъалаҳои муҳими физика корҳои илмӣ бурдааст. Муаллифи зиёда аз 100 номгӯи корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Инчунин ҳаммуаллифи ду ихтироот аст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» (1991) ва ифтихорномаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

  • Механика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010;
  • Физикаи молекулӣ ва асосҳои термодинамика (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010.

Пайвандҳо

вироиш