Абдуҳамид Раҷабов (тав. 20.02.1939, ш. Конибодом) — географ, номзади илмҳои география (1968), дотсент (1974).

Абдуҳамид Раҷабов
Абдуҳамид Раҷабов
Таърихи таваллуд 20 феврал 1939(1939-02-20) (85 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Конибодом
Маҳалли даргузашт Хуҷанд
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ география
Ҷойҳои кор Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Зиндагинома

вироиш

Соли 1958 Омӯзишгоҳи омӯзгории ш. Конибодом ва соли 1963 факултети табиатшиносию географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Солҳои 1966–1968 дар аспирантура таҳсил дошт. Солҳои 1968–1976 муаллими калон ва дотсенти кафедраи географияи табиии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1977–1996 мудири кафедраи география ва муовини декани факултети фанҳои табиии Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров буд. Аз соли 1996 дотсенти кафедраи географияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аст. Муаллифи як қатор мақолаҳои илмӣ ва дастурҳои таълимию методӣ мебошад, ки дар онҳо шароити агроиқлимии қисми ҷанубии Тоҷикистонро баррасӣ намудааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз карда шудааст.

Пайвандҳо

вироиш