Абдуҳафиз Азизов
Абдуҳафиз Абдуҳалимович Азизов (тав. 29.07.1955) шаҳри Хуҷанд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент. Аълочии маорифи Тоҷикистон.
Абдуҳафиз Абдуҳалимович Азизов | |
Таърихи таваллуд | 29 июл 1955 (69 сол) |
Зодгоҳ | Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | педагогика |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ | дотсент |
Алма-матер | ДДОЛ ба номи С.М.Киров |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишСоли 1977 ДДОЛ ба номи С.М.Киров хатм намудааст. Ихтисосмуаллими забон ва адабиёти рус дар мактабҳои миллӣ
Солҳои 1977-1978– Коромўз-тадқиқотчии Институти илмӣ-тадқиқотии забон ва адабиёти русӣ дар мактабҳои миллии АУ педагогии Иттифоқи Советӣ дар шаҳри Москва
Солҳои 1978-1979 – Муаллими забон ва адабиёти русии МТҲ №56 н.Б.Ғафуров
Солҳои 1979-1981 – Муаллими забон ва адабиёти русии МТҲ № 24 н.Б.Ғафуров
Солҳои 1981-1984 – Муаллими кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус
Солҳои 1984-1985 – Аспиранти солона дар Институти илмӣ- тадқиқотии забон ва адабиёти русӣ дар мактабҳои миллии АУ педагогии Иттифоқи Советӣ дар шаҳри Москва
Солҳои 1986-1988 – Дотсенти кафедраи методикаи таълими забони ва адабиёти русии ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Солҳои 1988-1991 – Ноибдекан оид ба тарбияи факултети забон ва адабиёти руси ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Солҳои 1991- 1994- Мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров
Солҳои 1994-2007 – Декани факултети забон ва адабиёти руси факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2007-2008 – Мудири кафедраи инкишофи нутқи шифоҳи ва хатти забони русии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровв
Солҳои 2008-2012 – Мудири шуъбаи таълимии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2012-2019 – Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Солҳои 2019-2020 – мутахассиси пешбари маркази тестии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Аз 09.2020 то ҳол – дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус факултети филологияи руси Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров, кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус Азизов Абдуҳафиз Абдуҳалимович(тоҷ.). www.hgu.tj. 24 Январ 2024 санҷида шуд.