Абдуҷаббор Сатторов
Абдуҷаббор Сатторов (23 майи 1946, Данғара, вилояти Кӯлоб, ҶШС Тоҷикистон — 2 майи 2013, Душанбе, Тоҷикистон) — таърихшинос, номзади илмҳои таърих (1984), Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998), Узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоиву педагогии Федератсияи Русия (1999). Аввалин ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (1996-2004)[1][2][3]
Абдуҷаббор Сатторов | |
Таърихи таваллуд | 23 май 1946 |
Зодгоҳ | Данғара ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | 2 май 2013 (66 сол) |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | таърих |
Ҷойҳои кор | Кумитаи ИКЛ ҶШС Тоҷикистон, Кумитаи ҲК ҶШС Тоҷикистон, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Душанбе, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои таърих |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маорифи Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998) |
Зиндагинома
вироишАбдуҷаббор Сатторов 23 майи соли 1946 ба дунё омадааст. Пас аз хатми факултети забон ва адабиёти руси Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе (ДДОД ба номи Т. Шевченко) ба сифати омӯзгор дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №6-и ноҳияи Фархор ба фаъолият шурӯъ намуда, баъдан то ба вазифаҳои масъули муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон расидааст. Ӯ солҳои 1971-1984, дар вазифаҳои гуногуни ташкилотҳои комсомоли ҷумҳурӣ фаъолият намудааст. Солҳои 1984-1985, котиби якуми ҲК ҶШС Тоҷикистон дар ноҳияи Советский, с-ҳои 1985-1986, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ дар Душанбе, с-ҳои 1986-1988 котиби ҲК ҶШС Тоҷикистон дар вилояти Кӯлоб, с-ҳои 1988-1991, сардори раёсати мактабҳои олии вазорати маориф, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, с-ҳои 1991-1996 раиси Кумитаи давлатии ҷавонон, варзиш ва туризми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ва с-ҳои 1996-2004 ректори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон буд.[4] Ҳамучун аввалин сарвари Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон дар рушди ин мактаби олӣ саҳми арзанда гузоштааст. Баъди беморӣ ба касби омӯзгорӣ гузаштааст. Аз соли 2004 то вопасин рӯзҳои умраш профессори Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон будааст.[1] Ӯ 2 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт.[5]
Фаъолияти илмӣ
вироишАбдуҷаббор Сатторов доир ба илми таърих, маорифшиносӣ ва диг. тадқиқотҳои зиёде ба сомон расонида фишурдаи маърӯзаҳо ва мақолаҳои илмиаш дар маҷмуаҳои илмӣ ва илмию методӣ дар ҷумҳурӣ ва Русия ба табъ расидаанд. Абдуҷаббор Сатторов аз худ 10 монография, 3 китоби дарсӣ ва даҳҳо мақолаҳои илмиву оммавӣ боқӣ гузоштааст. Барои саҳми хеш ӯ Узви пайвастаи Академияи илмҳои иҷтимоиву педагогии Федератсияи Русия (1999) интихоб шудааст.
Ҷоизаҳо
вироишАдабиёт доир ба Абдуҷаббор Сатторов
вироиш- «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011
- Российско-Таджикский (Славянский) университет:вчера, сегодня, завтра. 1996-2016. – Душанбе, 2016, - С. 28-29.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 Ректор Абдуҷаббор Сатторов(тоҷ.). 29 май 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 17 апрели 2021.
- ↑ «Российско-Таджикский (славянский) университет» (в одном томе). Энциклопедия./ Главный редактор М.С.Имомов. - Душанбе, 2011. - 386 стр. 27 Декабри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 апрели 2017.
- ↑ Кто есть кто, Сатторов Абдужабор, Центральная Азия(пайванди дастнорас)
- ↑ ПЕРВОМУ РЕКТОРУ РТСУ ИСПОЛНИЛОСЬ БЫ 70 ЛЕТ(пайванди дастнорас)
- ↑ Даргузашти Абдуҷаббор Сатторов(пайванди дастнорас)