Вилояти Кӯлоб
Донистаниҳо
Кишвар : Иттиҳоди Шӯравӣ
Ҷумҳурӣ : ҶШС Тоҷикистон
Марказ : Кӯлоб
Замони таъсис : 27 октябри 1939
29 декабри 1973
Замони барҳам хурдан: 25 августи 1955
2 декабри 1992
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 12 000 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ноҳияҳо : 8
Мардум
Аҳолӣ (1989) : 621 000 кас
Забони расмӣ : русӣ, тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа :
ISO-намоя :
Пешшумора :
Нишонии почта :
Замон : UTC+5
Шумораи мошинҳо : КЮ

Вилояти Кӯлоб (форсӣ: ولایت کولاب‎) — воҳиди тақсимоти кишварӣ дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон дар солҳои 19391955 ва 19731988 буд. Ин вилоят дар ҷануби кишвар, дар дараи рӯди Қизилсу ҷойгир буд.

Маркарзи идории вилоят шаҳри Кӯлоб буд.

Таърих

вироиш

Вилояти Кӯлоб бори нахуст дар соли 1924 ташкил шуд ва то соли 1929 вуҷуд дошт, аммо дар он сол ба округ табдил дода шуд. Соли 1931 округи Кӯлоб барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеъи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ шуд. Солҳои 1931—1936 сарзамини Кӯлобро ба ноҳияҳо бахш карданд. 12 марти соли 1938 округи Кӯлоб дубора бунёд шуд, аммо як сол пас барҳам дода шуд.

 
Тақсимоти ҶШС Тоҷикистон дар соли 1940

Дувум бор вилояти Кӯлоб бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 27 октябри соли 1939 таъсис ёфт ва ноҳияҳои Балҷувон, Данғара, Дашти Ҷум, Кангурт, Қизилмазор, Колхозобод, Кӯлоб, Муъминобод, Сарихосор, Фархор, Ховалинг ва Шӯроободро дар бар мегирифт.

Вилояти Кӯлоб бо Қарори Президиуми Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ аз 24 августи соли 1955 барҳам дода шуд ва сарзамини он тобеи ниҳодҳои раҳбарии ҷумҳурӣ ва бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд.

 
Вилояти Кӯлоб

29 декабри соли 1973 вилояти Кӯлоб севум бор таъсис дода шуд ва то сентябри соли 1988 мавҷуд буд то ин ки бо вилояти Қурғонтеппа ҳамроҳ шуд ва вилояти Хатлонро ташкил дод.

Бахшбандии вилояти Кӯлоб дар соли 1988

вироиш
Ноҳияҳои вилояти Кӯлоб дар соли 1988[1]
Ноҳия Марказ
Восеъ Восеъ
Данғара Данғара
Кӯлоб Кӯлоб
Ленинград Ленинград
Маскав Маскав
Совет Совет
Ховалинг Ховалинг
Фархор Фархор


Сарчашма

вироиш