Абдуҷаббор ибни Абдурраҳмон

Абдуҷаббор ибни Абдурраҳмон (ар. عبد الجبار بن عبد الرحمن الأزدي‎; ? — 761 Бағдод) — волӣ ва омили Хуросон (757—759), роҳбари бонуфузи шӯришгарони зидди хилофат.

Абдуҷаббор ибни Абдурраҳмон
Волии Хуросон
757 — 759
Даргузашт 761(0761)
Бағдод

Зиндагинома

вироиш

Роҳбари бонуфузи шӯришчиёни зидди хилофат, дӯсти вафодори Абумуслими Хуросонӣ ва ёрдамчии Муқаннаъ. Пас аз марги Абумуслим (замони шӯриши Устоз Сияс), Абдуҷаббор Муқаннаъро ёрдамчии худ интихоб кард. Аз халифа Мансур ислоҳи сиёсати молиётии ҳукуматро дар Хуросон дархост намуд. Вақте ки натиҷае ҳосил нашуд, худи Абдуҷаббор алайҳи хилофати Аббосиён бо парчами сафед қиём кард, пас аз он амалан мустақил гашт. Дар ин шӯришҳо Абдуҷаббор ва Муқаннаъ ҳамдаст буданд. Дар кӯтоҳтарин замон қиёми Абдуҷаббор густариш ёфт. Халифа Мансур аввалан писараш Маҳдиро бо лашкари бисёре ба Хуросон равона кард ва дертар худаш расида омад. Шӯриш бераҳмона саркӯб шуд. Абдуҷаббор аз Хуросон фирор кард, вале ӯро дастгир намуда, назди халифа Мансур фиристоданд. Абдуҷабборро бо фармони халифа бо гурӯҳе аз тарафдоронаш ба дор кашиданд, хонаводаашро ба Яман бадарға намуданд. Қиёми Абдуҷаббор, бешубҳа, яке аз бахшҳои муҳими силсилаи наҳзатҳои озодихоҳии мардуми Хуросон алайҳи аъроб ва хилофат мебошад. Баъзе аз муаллифон навиштаанд, ки Абдуҷаббор қоидаву қонунҳои сафедҷомагонро эътироф мекардааст.

Адабиёт

вироиш