Абдӣ, Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ

Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири тоҷик.

Абдӣ Мирзоабдуллоҳи Самарқандӣ
Зодгоҳ: Урметан, Айнӣ
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Зодгоҳаш деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ. Пас аз касби камол ба Самарқанд рафт ва муқими он шаҳр шуд. Дар замони салтанати Умархон (ҳукмронӣ 1809 – 1922) ба хидмати дарбори ӯ омад ва дар мансаби надимӣ хидмат мекард. Донишманди фозил, ҳозирҷавобу базлагӯй будааст. Намунаҳои ашъораш ба тавассути тазкираҳову баёзҳо то замони мо расидаанд.

Ин абёт аз ӯст
Баски дилсардам зи аҳли рӯзгор,
Гӯшаи узлат аз он шуд масканам.
Қитъае чандин, китобе чанд хуш,
Аз матоъи даҳр дорам муғтанам.
Кисаам гар зар надорад, нест бок,
Симу зар – ашъор, сина – хазнаам.

Адабиёт

вироиш
  • Суханварони Сайқали рӯи замин, Д., 1973.

Сарчашма

вироиш