Абдӣ, Мирзосафари Бухороӣ

Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ (соли таваллуд номаълум – вафот 1886) — шоири тоҷик.

Абдӣ Мирзосафари Бухороӣ
Таърихи даргузашт: 1886(1886)
Навъи фаъолият: шоир

Зиндагинома

вироиш

Дар «Тазкират-уш-шуаро»-и Муҳтарам чун фозилу донишманд, воқиф аз улуми мутадовилаи замон, бедилхон ва бедилфаҳм, муаммодон тавсиф шудааст. Хати хуб доштааст. Аз ин ҷост, ки дар дарбори амир Абдулаҳадхон чун муншӣ хидмат мекард. Дар сарчашмаҳо аз девон доштанаш иттилоъ надодаанд. Намунаҳои ашъораш дар тазкираҳову баёзҳо сабт гардидаанд.

Адабиёт

вироиш
  • Тазкират-ут-шуарои Муҳтарам, Д., 1975.

Сарчашма

вироиш